Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6131

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6131
Изҳороти раиси амнияти Қирғизистон: роҳи Ворухро мо месозем ва баҳси марзӣ бо Тоҷикистон ҳанӯз ҳал нашудааст - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Изҳороти раиси амнияти Қирғизистон: роҳи Ворухро мо месозем ва баҳси марзӣ бо Тоҷикистон ҳанӯз ҳал нашудааст

12
12

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев, имрӯз дар Бишкек зимни як нишастӣ матбуотӣ, ки ҳоло ҷараён дорад, гуфт ки масъалаҳои марзӣ бо Тоҷикистон то кунун ҳалношуда боқӣ мондаанд.

Ӯ дар ин нишаст, дар минтақаҳои баҳсии марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, бунёди роҳи Хоҷаи Аъло-Ворух ва вазъи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар пайи фаъол шудани “Толибон” суҳбат кард.

Тавре “24.kg” аз қавли ӯ менависад, Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки роҳи Хоҷаи Аъло-Ворухро худаш бисозад ва роҳ дар қаламрави ин кишвар ҷойгир хоҳад шуд.

– Мо исрор дорем, ки сохтмони роҳҳо бояд дар тӯли тамоми хати сарҳадӣ анҷом дода шавад, на танҳо дар як қисми он,-гуфтааст Тошиев.

Ёдовар мешавем, ки баъди ҳодисаҳои марзии Тоҷикистону Қирғзистон, ки охири моҳи апрели соли равон ба сар зада буд, Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди бунёди якҷояи роҳи Хоҷаи Аъло-Ворух созиш карда буданд.

Манбаъ, ҳамчунин, менависад, Қамчибек Тошиев, ки ҳамчунин, раиси комиссияи байниҳукуматӣ оид ба таъину аломатгузории қисматҳои алоҳидаи марзидавлатӣ аз ҷониби Қирғизистон аст, иқрор шудааст, ки масъалаи минтақаҳои баҳснок байни марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳалношуда боқӣ мондааст.

– Тасмими ниҳоӣ дар бораи минтақаҳои баҳсии марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон вуҷуд надорад,-гуфтааст ӯ.

Ба иттилои вай, дар асоси протоколе, ки 1 майи соли 2021 ба имзо расид, дар ҳудуди деҳаи Қулундуни ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд, дар 36 километри марз таъини марз идома дорад.

– Протоколи охир дар бораи қитъаҳое, ки баҳсбарангез нестанд, қарор қабул кард. Инҳо, киштзорҳо ва кӯҳҳое мебошанд, ки ба харитаҳои соли 1991 мувофиқат мекунанд. То ҳавзаи Қулунду 36 километр муайян карда шуд. Дар бораи минтақаҳои баҳсбарангез ҳанӯз созиш ба даст наомадааст,-гуфтааст Тошиев.

Роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қайд кардааст, ки масъалаи марз ҳангоми сафари президент Содир Ҷапаров ба Душанбе низ баррасӣ шудааст.

– Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷаборов дар асоси ҳуҷҷатҳо ва харитаҳо дар суҳбати 5-6 соатаашон масъалаи марзиро як ба як баррасӣ карданд. Аммо ҳанӯз пешрафте дида намешавад,-гуфтааст Тошиев.

Бояд гуфт, ки 28-29 июни соли равон Президенти Қирғизистон Содир Ҷаборов ба Тоҷикистон сафари расмӣ дошт ва бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон муддати 6 соат суҳбат кард. Интизор мерафт, ки дар ин суҳбат масъалаҳои марзӣ роҳи ҳалли худро меёбанд ва чанд ҳуҷҷати муҳим ҳам дар ин самт ба имзо мерасад. Вале чунин нашуд. Баъди суҳбати 6-соата онҳо бо имзои чанд созишнома ва ёддошти ба қавле камаҳамият иктифо карданд.

Ба иттилои “akipress.org” роҳбари КДАМ-и Қирғизистон дар мавриди вазъи марзи Афғонистону Тоҷикистон ҳам сухан карда гуфтааст, ки онҳо ба чунин таҳдидҳо омодаанд.

Ӯ гуфтааст, маълумот мавҷуд аст, ки шаҳрвандони Қирғизистон қасд доранд аз Сурия ба ватан баргарданд.

– Ҳоло дар Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, ки бо Афғонистон ҳаммарзанд, вазъияти душвор ба вуҷуд омада истодааст. Ҳамаи гурезагони Афғонистон метавонанд ба мамлакати мо ҳам оянд,-гуфтаат Тошиев.

Ба таъкиди ӯ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба ин омода аст.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев дар посух ба савол, ки оё Қирғизистон дар ҳалли вазъи Афғонистон бо Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳад кард, посухи мусбат дод. "Табиист, ки мо бояд дар доираи СААД ҳамкорӣ кунем, зеро Афғонистон барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари беруна аст", – гуфт Тошиев.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...