Раиси телевизиони “Душанбе” нав шуд: Маъруф Оқилов

Маъруфҷон Оқилов, рӯзноманигор ва мутахассиси фании телевизион, мудири нави телевизиони «Душанбе» таъин шудааст. Дар ин бора аз ТВ “Душанбе” ба “Азия плюс” хабар доданд. Ӯ ба ҷои Суҳроб Рауфзода, ки аз соли 2017 ба ин сӯ, дар ин мақом кор мекард, таъин шудааст. Манбаъ, гуфт, ки Оқилов аз 7 июли соли равон ба ин мақом таъин шуд. […]

Маъруфҷон Оқилов, рӯзноманигор ва мутахассиси фании телевизион, мудири нави телевизиони «Душанбе» таъин шудааст. Дар ин бора аз ТВ “Душанбе” ба “Азия плюс” хабар доданд.

Ӯ ба ҷои Суҳроб Рауфзода, ки аз соли 2017 ба ин сӯ, дар ин мақом кор мекард, таъин шудааст. Манбаъ, гуфт, ки Оқилов аз 7 июли соли равон ба ин мақом таъин шуд.

– Муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар ҳузури кормандони Маъруфҷон Оқиловро муаррифӣ кард ва ба корҳои ояндаи ӯ муваффақият таманно кард,-гуфт яке аз кормандони ТВ “Душанбе”.

Вай ҳамчунин, илова кард, ки роҳбари акнун пешини телевизион Суҳроб Рауфзода, ки аз 13 январи соли 2017 ба ин сӯ кор мекард, ҳоло дар ҳеч мақоме таъин нашудааст.

Бояд гуфт, ки Маъруфҷон Оқилов то таъин шудан ба ҳайси роҳбари ТВ “Душанбе” ба ҳайси муовини аввал дар бахши корҳои фаннии телевизиони «Варзиш» фаъолият мекард.

Телевизиони “Душанбе”, ки дар аввал номи телевизиони “Пойтахт”-ро дошт,  дар асоси қарори собиқ раиси шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев, дар заминаи телевизиони ҳамноми ҷамъиятӣ, 6 сентябри соли 2006 таъсис шудааст.

Он бо мақсади таъмини фазои комили иттилоотии пойтахт ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва маъмурии кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сокинони он, ташкили муҳокимаи озоду ошкори ҳаводиси ҷамъиятӣ, инъикоси объективонаи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шудааст

Муассис ва маблағгузори телевизиони “Душанбе” дар ҳоли ҳозир шаҳрдории Душанбе аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.