Хадамоти зиддиинҳисорӣ: “Пеш аз Иди Қурбон нархҳоро дар бозор месанҷем”

Дар остонаи Иди саиди Қурбон Хадамоти зиддиинҳисорӣ баҳри пешгирии босуръат болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, нархҳоро дар бозорҳои кишвар пайгирӣ мекунад, хабар дод зимни нишасти хабарии имрӯза муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории кишвар Сафаралӣ Қурбонзода. “Ҳақиқатан ҳам дар арафаи чунин идҳо нархҳо дар мо босуръат боло мераванд. Бо мақсади пешгирии он аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва […]

Дар остонаи Иди саиди Қурбон Хадамоти зиддиинҳисорӣ баҳри пешгирии босуръат болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, нархҳоро дар бозорҳои кишвар пайгирӣ мекунад, хабар дод зимни нишасти хабарии имрӯза муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории кишвар Сафаралӣ Қурбонзода.

“Ҳақиқатан ҳам дар арафаи чунин идҳо нархҳо дар мо босуръат боло мераванд. Бо мақсади пешгирии он аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва дигар сохторҳои дахлдор мониторинг (санҷиш) гузаронида мешавад. Ситод таъсис дода, нархҳоро ҳамарӯза пайгирӣ мекунем”, – иброз дошт Қурбонзода.

Ба гуфтаи ӯ, дар доираи санҷишҳое, ки дар Иди Рамазон гузаронида шуданд, “баъзе савдогарони беинсоф, бахусус фурӯшандагони мева ошкор шуда буданд, ки нархнома надоштанд ва нархро боло мебурданд. Нисбати онҳо чораҷӯйӣ шуд”.

Зимнан зикр шуд, ки ин дафъа фурӯшандагони қонуншикану беинсофро ҷарима ва дигар ҷазоҳои маъмурӣ интизор аст.

Ёдрас мекунем, ки имсол Иди Қурбон дар Тоҷикистон 20 июл ҷашн гирифта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.