Қирғизистон мошинҳои боркаши Тоҷикистонро се моҳ аст, ки раҳо намекунад

Масъалаи боздошти 60 мошини боркаш (фура) бо бор барои Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Ботканди Қирғизистон ҳалношуда боқӣ мемонад, хабар дод вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни нишасти хабарии имрӯза. Ӯ изҳор дошт, ки рӯзи 14 июни соли равон зимни сафари президенти кишвари ҳамсоя ба Душанбе ин масъаларо бо вазири нақлиёти Қирғизистон баррасӣ кардааст. “Ӯ ваъда […]

Масъалаи боздошти 60 мошини боркаш (фура) бо бор барои Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Ботканди Қирғизистон ҳалношуда боқӣ мемонад, хабар дод вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни нишасти хабарии имрӯза.

Ӯ изҳор дошт, ки рӯзи 14 июни соли равон зимни сафари президенти кишвари ҳамсоя ба Душанбе ин масъаларо бо вазири нақлиёти Қирғизистон баррасӣ кардааст.

“Ӯ ваъда дод, ки ба ҳалли ин масъала машғул мешавад, лекин мутаассифона, то ҳол ягон натиҷаи мусбат нест”, – гуфт Азим Иброҳим.

Вазири нақлиёт таъкид дошт, ки миёни ронандагони ин мошинҳои боркаши боздоштшуда танҳо се нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар ҳама боқимонда шаҳрвандони Қирғизистон мебошанд.

Зикр шуд, ки ҷониби Тоҷикистон ба ҳалли масъалаи мазкур тариқи воситаҳои дипломатӣ машғул аст, чунки дар сатҳи вазоратҳои нақлиёт натиҷа ҳосил нашуд.

Қаблан зикр гардида буд, ки мошинҳои боркаш аз Русия ба Тоҷикистон раҳсипор буданд, лекин дар қаламрави вилояти Ботканд мутаваққиф шуданд.

Қобили зикр аст, ки пеш аз боздошти мошинҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона рух дода, дар натиҷа аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар ҳалок ва садҳо каси дигар осеб диданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.