Вазорати нақлиёт: “Барои боркашонӣ бо Афғонистон ҳеҷ монеъае нест”

Вазъияти ноамни сиёсӣ дар Афғонистон барои боркашонии байнулмилалии Тоҷикистон тариқи қаламрави ин кишвар монеъа шуда натавонист, изҳор дошт вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни нишасти хабарии имрӯза. “Ба гунаи мисол, як рӯз пеш, 13 июл тариқи постгоҳи назоратии “Панҷи Поён” (Шерхон-Бандар) дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон 123 мошини боркаш гузаштанд, ки 51-тои он ба қаламрави […]

Вазъияти ноамни сиёсӣ дар Афғонистон барои боркашонии байнулмилалии Тоҷикистон тариқи қаламрави ин кишвар монеъа шуда натавонист, изҳор дошт вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни нишасти хабарии имрӯза.

“Ба гунаи мисол, як рӯз пеш, 13 июл тариқи постгоҳи назоратии “Панҷи Поён” (Шерхон-Бандар) дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон 123 мошини боркаш гузаштанд, ки 51-тои он ба қаламрави Тоҷикистон ва 72 адади он ба қаламрави кишвари ҳамсоя ворид шуданд”, – иброз дошт ӯ.

Азим Иброҳим таъкид дошт, ки аз рӯйи ҳаҷми нишондиҳандаҳои ҳамлу нақл ин гузаргоҳ танҳо аз постгоҳи назоратии “Фотеҳобод” бо Ӯзбекистон дар ноҳияи Мастчоҳ поинтар қарор дошта, чанде пеш тариқи ин гузаргоҳ 130 мошини боркаш гузаштаанд (71 ба Ӯзбекистон ва 59 – ба Тоҷикистон).

Вазир зикр кард, ки барои гузаштани сарҳади Афғонистон боркашҳо маблағҳои муайяни ҳатмӣ пардохт мекунанд.

“Қаблан овозаҳо буданд, ки аз ронандагони мошинҳои боркаш сарҳадбонони афғон ғайррасмӣ (ғайриқонунӣ) маблағ мегиранд. Мегӯянд, ки ин мушкил ҳозир ҳал шудааст, лекин дар ин бора мо ягон ҳуҷҷати расмӣ надорем, ин танҳо дар сатҳи овозаҳо аст", – гуфт Азим Иброҳим.

Вазир ба ронандагони автомашинаҳои боркаш тавсия медиҳад, ки дар сурати пайдо шудани ягон хатар ба амнияти онҳо, аз вуруд ба қаламрави Афғонистон худдорӣ намоянд.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи гузашта ҷангиёни ҳаракати “Толибон” қариб ҳамаи қаламрави наздисарҳадиро бо Тоҷикистон, аз ҷумла гузаргоҳи “Шерхон-Бандар”-ро зери назорати худ гирифтанд.

Ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон начандон зиёд буда, соли гузашта 70,7 млн долларро ташкил дод, ки ба 1,5% аз ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон баробар аст.

Қисмати зиёди боркашонӣ тариқи қаламрави Афғонистон ба боркашонии транзитӣ аз/ба Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ рост меояд.

Маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба Афғонистон неруи барқ мебошад, ки қариб 60% аз ҳаҷми содироти соли гузаштаро ташкил дод.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, сарфи назар аз тасарруфи қаламравҳои наздисарҳадӣ аз ҷониби толибон, интиқоли барқ ба ин кишвар боздошта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.