Шумораи воксингирифтаҳо дар Тоҷикистон ба 500 ҳазор наздик мешавад

Дар Тоҷикистон, то имрӯз 447 ҳазору 114 нафар бар зидди бемории  COVID-19 воксин гирифтаанд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар  дар торномааш хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки то 21 июли соли равон дар Тоҷикистон вояи дуюми ваксинаро 22 ҳазору 242 шаҳрванд гирифтаанд. Гуфта шудааст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр […]

Дар Тоҷикистон, то имрӯз 447 ҳазору 114 нафар бар зидди бемории  COVID-19 воксин гирифтаанд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар  дар торномааш хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки то 21 июли соли равон дар Тоҷикистон вояи дуюми ваксинаро 22 ҳазору 242 шаҳрванд гирифтаанд.

Гуфта шудааст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола болои Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.

– Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад,-қайд шудааст дар иттилоияи мазкур.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз қавли мутахассисони соҳаи тиб навиштааст, ки яке аз роҳҳои мубтало нашудан ба бемории COVID-19 задани ваксина  мебошад.

Таъкид шудааст, ки маъракаи воксинзанӣ бар зидди бемории коронавирус  дар ҷумҳурӣ идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирии ин беморӣ то 21  июл  дар кишвар 14291 нафар ба коронавирус гирифтор шуда, аз ин беморӣ 115 нафар фавтидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.