ВКХ: Тоҷикистон сарфи назар аз тасарруфи манотиқи марзӣ, бо “Толибон” тамос надорад

 “Душанбе ҳамеша Кобули расмиро ҳокимияти қонунӣ дар Афғонистон медонад ва ҳеҷ гоҳ бо намояндагони ҳаракати “Толибон” вохӯрӣ ё гуфтушуниде нагузаронидааст”, – изҳор дошт имрӯз, 26 июл ба рӯзноманигорон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин. Ба гуфтаи ӯ, ахиран вазъият дар ноҳияҳои Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарзанд, ба таври ҷиддӣ шиддат гирифт, “лекин сарҳадҳои Тоҷикистон дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

 “Душанбе ҳамеша Кобули расмиро ҳокимияти қонунӣ дар Афғонистон медонад ва ҳеҷ гоҳ бо намояндагони ҳаракати “Толибон” вохӯрӣ ё гуфтушуниде нагузаронидааст”, – изҳор дошт имрӯз, 26 июл ба рӯзноманигорон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин.

Ба гуфтаи ӯ, ахиран вазъият дар ноҳияҳои Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарзанд, ба таври ҷиддӣ шиддат гирифт, “лекин сарҳадҳои Тоҷикистон дар ин самт боэътимод посбониву назорат мешаванд”.

Дар робита ба масъалаи гурезаҳо аз Афғонистон вазир гуфт, имрӯз саҳеҳан наметавон гуфт, ки Тоҷикистон чӣ қадар гурезаҳоро аз ин кишвари ҳамсоя қабул карда метавонад.

Сироҷиддин Муҳриддин зикр кард, ки ӯ ба ақидаи бархе аз ҳамкоронаш дар ҳукумат дар бораи имкони қабули шумораи зиёди паноҳандаҳо аз Афғонистон дар Тоҷикистон розӣ нест.

“Дар ин масъала вазъи марбут ба пандемияи коронавирус, омодагии урдугоҳҳо барои гурезаҳо, инчунин омодагии Тоҷикистон ба ворид шудани террористон ба ҷумҳурӣ зери ниқоби паноҳандагон ва маосили дигарро бояд дар назар гирифт”, – илова намуд вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.