Душанбе ва Тошканд корҳои аломатгузориро дар марз ба итмом мерасонанд

Аз 24 то 29 август дар Душанбе дар доираи кори Комиссияи аломатгузории сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар рафти гуфтушунид ҷонибҳо корҳои аломатгузорӣ дар хатти сарҳади давлатии ду кишварро баррасӣ ва оид ба хатти аломатгузории лоиҳавӣ, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Аз 24 то 29 август дар Душанбе дар доираи кори Комиссияи аломатгузории сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар рафти гуфтушунид ҷонибҳо корҳои аломатгузорӣ дар хатти сарҳади давлатии ду кишварро баррасӣ ва оид ба хатти аломатгузории лоиҳавӣ, инчунин гузоштани аломатҳои сарҳадӣ дар хатти марзӣ табодули назар мекунанд.

Ба гуфтаи манбаъ, Душанбе ва Тошканд ба гурӯҳҳои кории марбута, ки ба ҳайати онҳо геодезистону харитасозон, намояндагони ВКХ ва Хадамоти сарҳадбонӣ шомиланд, дастур доданд, ки то охири соли 2021тартиби гузоштани поячӯбҳои сарҳадиро дар марзи ду кишвар ба таври ниҳоӣ тасдиқ намоянд.

Ёдрас мекунем, ки корҳои аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 2019 пурра ба анҷом расиданд.

Ҷонибҳо он замон дар бораи хатти гузариши марз ба мувофиқа расида, акнун дар натиҷаи аломатгузорӣ дар харитаҳо хатти дақиқи сарҳади байни давлатҳо ишора мешавад.

Созишнома байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи таъйину аломатгузории қитъаҳои ҷудогонаи сарҳадоти муштарак зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 ба имзо расид. Парлумони Тоҷикистон 19-уми апрели соли 2018 ин созишномаро тасдиқ кард.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи умумии сарҳадоти муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад. Тӯли марзҳои заминӣ – 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) – 105 километр аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.