ВКХ: “Тоҷикистон танҳо ҳукумати фарогирро дар Афғонистон дастгирӣ хоҳад кард”

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 8 сентябр дар нишасти маҷозие, ки ба масъалаҳои Афғонистон бахшида шуда буд, иштирок кард. Бинои ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, нишасти мазкур бо ташаббуси ИМА ва Олмон ва ҳузури маҷозии роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии Австралия, Баҳрайн, Канада, Фаронса, Ҳиндустон, Италия, Япония, Кувайт, Норвегия, Покистон, Қатар, Ҷумҳурии Корея, Арабистони Саудӣ, Испания, […]

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 8 сентябр дар нишасти маҷозие, ки ба масъалаҳои Афғонистон бахшида шуда буд, иштирок кард.

Бинои ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, нишасти мазкур бо ташаббуси ИМА ва Олмон ва ҳузури маҷозии роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии Австралия, Баҳрайн, Канада, Фаронса, Ҳиндустон, Италия, Япония, Кувайт, Норвегия, Покистон, Қатар, Ҷумҳурии Корея, Арабистони Саудӣ, Испания, Туркия, Туркманистон, Аморати Муттаҳидаи Арабӣ, Британияи Кабир, ИА ва СААШ, СММ баргузор гардид.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳои нишаст диққати асосиро ба мавзӯи гурезаҳо, мубориза бо терроризм, расонидани кумаки гуманитарӣ ба аҳолии Афғонистон ва ҳамкориҳои кишварҳо барои роҳ надодан ба фоҷеаи гуманитарӣ дар ин кишвар равона карданд.

“Ҷомеаи байналмилалӣ тӯли 20 сол натавонист дар Афғонистон тартибро ҷорӣ кунад ва даҳҳо ҳазор террористро дар ин кишвар “мерос” монд, – гуфт зимни суханронӣ дар ин нишаст Сироҷиддин Муҳриддин. – Ин кишвар ба маркази нооромиву бесуботи мубаддал гардид. Дар ин вазъият Тоҷикистон, ки бо ин кишвар марзи тӯлонӣ ва ҳассос дорад чӣ амалкардаҳое бояд дошта бошад?”.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар идомаи суханронӣ мавзӯи ҷанг дар Панҷшерро низ зикр карда, изҳор дошт, ки Толибон ҳавопаймоҳоро бо мусоидати кишварҳои сеюм зимни ҳамлаҳо ба Панҷшер истифода мебаранд, ки боиси кушта шудани теъдоди зиёди мардуми бумӣ, яъне тоҷикон мегардад.

Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба Толибон таъсир расонанд ва дар пайдо кардани роҳи ҳалли сиёсӣ дар буҳрони ҷорӣ мусоидат намояд.

“Тоҷикистон танҳо ҳукумати фарогирро бо иштироки тамоми гурӯҳҳои этникӣ, ки дар он тоҷикони Афғонистон ҷойи сазовори худро ишғол мекунанд, дастгирӣ хоҳад кард”, – таъкид дошт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.