Мардуми Тоҷикистон 3 рӯз истироҳат мекунанд: аз 6 то 8-ум ноябр

Мардуми Тоҷикистон охири ҳафтаи равон ва аввали ҳафтаи оянда 3 рӯз, аз 6 то 8 ноябр истироҳат мекунанд. Дар ин бора муовини раиси Иттифоқҳои касаби Тоҷикистон Исмоил Файзизода ба “Азия – Плюс”хабар дод. Мавсуф гуфт, ки се рӯзи пайи ҳам омадани рӯзи истироҳат ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон марбут аст, ки тибқи қонунгузорӣ агар рӯзҳои ид ба рӯзи […]

Мардуми Тоҷикистон охири ҳафтаи равон ва аввали ҳафтаи оянда 3 рӯз, аз 6 то 8 ноябр истироҳат мекунанд. Дар ин бора муовини раиси Иттифоқҳои касаби Тоҷикистон Исмоил Файзизода ба “Азия – Плюс”хабар дод.

Мавсуф гуфт, ки се рӯзи пайи ҳам омадани рӯзи истироҳат ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон марбут аст, ки тибқи қонунгузорӣ агар рӯзҳои ид ба рӯзи истироҳат  рост оянд, рӯзи кории баъди истироҳатӣ рӯзи истироҳатӣ эълон мешавад.

– Аз сабаби он ки имсол, рӯзи 6 ноябр, ки ҷашни Конститутсия мебошад, ба рӯзи шанбе рост меояд, тибқи қонунгузорӣ рӯзи душанбе истироҳат аст,- гуфт Файзизода.

6 ноябри соли 1994 – дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Баъдтар, вобаста ба тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ – 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағийроту иловаҳо ворид карда шудаанд.

Ҳамчунин 22 майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар натиҷаи ворид кардани тағйирот, калимаи Сарқонун аз байн гирифта шуда, танҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монда.

6 ноябр – тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", рӯзи истироҳат муқарар шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.