Кӯҳҳои Тоҷикистон зери муoҳофизати махсус гирифта мешаванд

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳоро ба қонун “«Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон» қабул кард, ки айни замон дар баррасии палатаи болоӣ қарор доранд. Ба қонун моддаи нав илова шуда, дар он ҳифзи муҳити зист дар минтақаҳои кӯҳистон пешбинӣ шудааст. Дар моддаи иловашуда ба қонун гуфта мешавад, табиат, ландшафти кӯҳӣ, иқлим дар минтақаҳои кӯҳӣ зери […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳоро ба қонун “«Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон» қабул кард, ки айни замон дар баррасии палатаи болоӣ қарор доранд.

Ба қонун моддаи нав илова шуда, дар он ҳифзи муҳити зист дар минтақаҳои кӯҳистон пешбинӣ шудааст.

Дар моддаи иловашуда ба қонун гуфта мешавад, табиат, ландшафти кӯҳӣ, иқлим дар минтақаҳои кӯҳӣ зери муҳофизати махсуси давлат қарор хоҳанд гирифт.

Пас аз мавриди амал қарор гирифтани тағйироту иловаҳо, ба сохтмони ҳама гуна иншоот ва роҳандозии ҳама гуна фаъолият аз ҷониби шахсони воқеӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ танҳо пас аз баргузории асосноккунии экологӣ иҷоза дода мешавад.

Барои расонидани зиён ба муҳити зист дар минтақаҳои кӯҳӣ дар натиҷаи фаъолияти хоҷагӣ ё дигар навъи фаъолият дар доираи қонунгузории амалкунанда ҷазо муқаррар шудааст.

Ҷузъиёти тағйироту иловаҳо ҳоло маълум нест, лекин бо назардошти 93%-и қаламрави Тоҷикистонро ташкил додани кӯҳҳо, фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият аз ҷониби шахсони воқеӣ дар он ногузир аст.

Қариб ҳамаи кону зуҳурот, ки дар мамлакат манбаи ашёи хом барои корхонаҳои саноатӣ мебошанд, дар минтақаҳои кӯҳӣ ҷойгиранд.

Захираҳои табиии минтақаҳои кӯҳӣ моликияти истисноии давлат буда, шахсони воқеӣ барои истифодаи онҳо бояд аз давлат иҷоза гиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.