Чин ба Тоҷикистон 500 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac» мефиристад

Аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон рӯзи 7 ноябр 500 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac» ворид карда мешавад. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ваксинаи мазкур ба унвони кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон ворид мегардад. “То имрӯз […]

Аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон рӯзи 7 ноябр 500 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac» ворид карда мешавад. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ваксинаи мазкур ба унвони кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон ворид мегардад.

“То имрӯз дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) ва кумакҳои башардӯстонаи кишварҳои мададрасон ба Тоҷикистон 5 млн 186 ҳазору 800 воя ваксинаи зидди коронавирус ворид карда шудааст”, – омадааст дар хабари агентӣ.

Имрӯз дар Тоҷикистон барои эмкунии шаҳрвандон аз ваксинаҳои зерин истифода мешавад: "Спутник V" (истеҳсоли Русия), CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо),  Moderna ва Pfaizer (ИМА).Ваксингузаронӣ бепул аст.

То 3 ноябри соли 2021 дар Тоҷикистон 2 млн 777 ҳазору 812 нафар (46,5%) ваксина гирифтанд. Аз давраи пурраи ваксинагирӣ, яъне гирифтани ду воя (доза) 2 млн 155 ҳазору 634 нафар (37%) гузаштаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.