Дар Душанбе як шаҳрванди Афғонистонро мехостанд аскарӣ баранд. Гардишҳои қазия

Як шаҳрванди Афғонистони муқими Душанберо мақомоти Тоҷикистон ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бурда ва гуфтаанд, қасд доранд ба хизмати ҳарбӣ баранд, аммо ӯро аз комиссариат ба ҷойи номаълуми дигаре бурданд. Дар ин бора падари ин ҷавони 23- сола ба “Азия – Плюс” хабар дод. Падари ҷавон Ҳошими Муҳаммадаслам аз фарзандаш Муҳаммад Иқбол Аслам […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Як шаҳрванди Афғонистони муқими Душанберо мақомоти Тоҷикистон ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бурда ва гуфтаанд, қасд доранд ба хизмати ҳарбӣ баранд, аммо ӯро аз комиссариат ба ҷойи номаълуми дигаре бурданд. Дар ин бора падари ин ҷавони 23- сола ба “Азия – Плюс” хабар дод.

Падари ҷавон Ҳошими Муҳаммадаслам аз фарзандаш Муҳаммад Иқбол Аслам ном мебарад ва мегӯяд, ки ҳодиса субҳи имрӯз, 22-юми ноябр рух дода, онҳо пушти дари Комиссариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ соатҳо мунтазир шуданд, ки сарнавишти фарзанадашон чӣ мешавад. Аммо он мошине ки субҳ барои бурдани фарзандаш омада буд, омада ӯро аз комиссариат гирифту ба ҷойи дигаре бурд.

Ба мо на аз комиcсариат ва на пулисе ки ӯро бурд, нагуфтанд, ки фарзандамро куҷо мебаранд ва мо намедонем, ки ҳоло ӯ дар куҷост,-мегӯяд падари ҷавон.

Ҳошимӣ ҷараёни воқеаро ба хабарингори “Азия – Плюс” чунин қисса кард:

– Мо дар бозори “Фаровон”-и Душанбе як дӯкон дорем. Субҳ вате ки ба кор рафтам, ҳамкорон гуфтанд, ки як мошин аз хеле вақт ҳаминҷо истодааст (тамға ва рақами қайди давлатии мошин барои “Азия-Плюс” маълум аст). Ман назди мошин рафтам ва пурсидам ки чӣ гап аст? Як нафар худро Бахтиёр муаррифӣ кард ва ҳуҷҷаташро нишон доду гуфт, ки пулис аст ва бароо мо Иқбол даркор аст. Гуфтам ӯ писари ман аст, чӣ кор мекунед. Гуфтанд кор дорем.

Дар идома мегӯяд, Ҳошимӣ ман гуфтам, ки Иқбол ҳоло нест вале агар зарур бошад, шумо суроғаатонро бигӯйед, худам онро ба онҷо меорам. Гуфтанд, ки писаратро ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ биёр.

– Мо бо Иқбол рафтем, ба он афсари пулис занг задем ӯ гуфт, телефонро ба посбон диҳед. Баъдан посбон бо телефон гап заду гуфт, ки писаратон вориди шуъба мешавад ва шумо ҳаминҷо мунтазир шавед. Баъд аз соатҳои интизорӣ ба ман ҳеҷ нагуфтанд, ки моҷаро чист. Баъдан ба як пулиси шинос занг задам то омада фаҳмад, ки қазия чист. Он шинос омад ва гуфт, писари шуморо аз инҷо ба комисариатиҳарбии ин ноҳия бурдаанд ва ӯро ба хидмати сарбозӣ мафиристанд. – нақл кард давоми ҳодисаро Ҳошимӣ.

Ба қавли Ҳошимӣ, ӯ бо хонаводааш соли 1998 дар ҳукумати якуми Толибон ба Тоҷикистон фирор карданд, шаҳрванди Афғонистон ҳастанду дар инҷо мақоми паноҳандагӣ доштанд.

Ӯ мегӯяд, ки дар замони ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ афсари артиши Афғонистон буд ва вақте, ки ба Тоҷикистон паноҳанда шуданд, солҳо баъд ҳаққи иқомат дар Тоҷикистонро дарёф карданд.

Ҳоло ӯ бо писараш ва тамоми хонаводааш ҳаққи иқомат дар Тоҷикистонро доранд.

Ҳамчунин Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Душанбе дар як маълумотномае таъйид кардааст, ки Муҳаммадиқболи Муҳаммадаслан дар воқеъ шаҳрванди Афғонистон асту шаҳрвандии Тоҷикистонро надорад.

Дар ҳамин ҳол, Маҳмадулло Зоирзода комиссари Комиссариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки Муҳаммад Иқболро кормандони милиса бар асоси як аризаи шикоятӣ аз болои ӯ дастгир намуда, ба комиссариат оварданд.

 Манбаъ гуфт, ӯро кормандони милиса бо гумони таҳқир намудани духтарони тоҷик дастгир намуданд ва кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ  фикр карданд, ӯ ҷавони синни даъватӣ ва шаҳрванди Тоҷикистон аст ва аз ин рӯ, хостанд, ӯро ба хизмати ҳарбӣ ҷалб кунанд.

– Дар Комиссариат маълум шуд, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон нест ва мо наметавонем ӯро ба хидмати ҳарбӣ ҷалб кунем. Аз ин рӯ, онҳо ӯро гирфтанд ва ба шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ бурданд. Мо дигар намедонем, ки куҷост ва бо ӯ кор надорем,- шарҳ дод Зоирзода.

Вале падари Муҳаммад Иқбол мегӯяд, ки милисаҳо ба ӯ нагуфтанд, ки алайҳи писараш парванда ҳасту ӯ ба кадом ҷурме муттаҳам мешавад. Ҳатто ман такрори ба такрор пурсидам, ки агар кадом гапи дигаре бошад ба мо бигӯйед, вале чизе нагуфтанд.

Аммо Ҷиёншоҳ Машрабзода, нозири минтақавии пешини бозори “Фаровон” ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Муҳаммадиқболи Муҳаммадасламро  кормандони милиса дар масъалаи ҷалб ба хидмиати ҳарбӣ даъват карда буданд ва ӯ дар ҳеч қазияи дигаре муттаҳам дониста намешавад.

“Ман бо даъвати падараш барои мушаххас кардани қазия ба Комиссариати Исмоили Сомонӣ рафтам. Аз сабаби он ки Муҳаммадиқбол дар Тоҷикистон таваллуд шудаасту шаҳодатномаи таваллуд аз Тоҷикистон дорад ва мактабро ин ҷо хатм кардааст, гумон кардаанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст ва бояд хидмати аскариро адо кунад”,-гуфт Машрабзода.

Машрабзода ҳамчунин гуфт, ки ӯ инро фаҳмиду ба падари Муҳаммадиқбол ҷузъиётро расонид ва дигар аз ҷараёни минбаъдаи қазия хабар надорад.

Дар ҳамин ҳол талошҳои мо барои тамос гирифтан ба Бахтиёр (милисае, ки субҳ ба суроғи Муҳаммадиқбол ба “Фаровон” омада буд ва худро корманди ШВКД Исмоили Сомонӣ муаррифӣ карда буд) бенатиҷа буд. Шумораи телефонеро, ки ӯ субҳ ба Ҳошимӣ дода буд посух намедод ва аз он сӯйи хат ин садо меомад: “ин рақам дар шабакаи мо вуҷуд надорад”.

Муҳаммадаслам Ҳошимӣ ҳам мегӯяд, ки аз замоне, ки фарзандашро оварду ба ШВКД Сомонӣ ворид шуд, телефони Бахтиёр дигар кор намекард.

Баъди аз Комиссариати ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз сӯйи милисаҳо бурдани Муҳаммадиқбол, ба падараш ва наздиконаш нагуфтаанд, ки ӯро куҷо мебаранд ва ҳоло бастагонаш намедонад, ки ӯ дар куҷо ва таҳти чӣ шароите қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.