Толибон аз Ӯзбекистон даъват карданд, ки чархболҳои артиши Афғонистонро баргардонад

Муовини роҳбари ҳукумати муваққатии “Толибон” мулло Абдул Ғанӣ Бародар аз Ӯзбекистон даъват кардааст, ки ҳавопаймо ва чархболҳоеро, ки халабонҳо (лётчикҳо)-и афғон пас аз суқути ҳукумати қаблӣ ба ин кишварҳо овардаанд, баргардонанд. Дар ин бора Афганистан.ру хабар медиҳад. Қобили зикр аст, ки 1 декабр як ҳайати Ӯзбекистон таҳти раҳбарии намояндаи махсус Исматулло Эргашев аз Кобул боздид […]

Муовини роҳбари ҳукумати муваққатии “Толибон” мулло Абдул Ғанӣ Бародар аз Ӯзбекистон даъват кардааст, ки ҳавопаймо ва чархболҳоеро, ки халабонҳо (лётчикҳо)-и афғон пас аз суқути ҳукумати қаблӣ ба ин кишварҳо овардаанд, баргардонанд. Дар ин бора Афганистан.ру хабар медиҳад.

Қобили зикр аст, ки 1 декабр як ҳайати Ӯзбекистон таҳти раҳбарии намояндаи махсус Исматулло Эргашев аз Кобул боздид намуда, бо раҳбарияти “Толибон” дидору гуфтушунид кард.

Қаблан зикр гардида буд, ки халабонҳои афғон 25%-и техникаи авиатсионии кишварро рабуда, ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон овардаанд.

Ҳамаи онҳо Афғонистонро дар соатҳои охири тасарруфи ҳокимият аз ҷониби толибон тарк карданд. 46 ҳавопаймо аз фурудгоҳҳои Мазори Шариф ва Кобул парвоз карданд.

Баъдан намояндаи расмии Вазорати умури хориҷаи Ӯзбекистон Юсуф Кобулҷонов хабар дод, ки 12-13 сентябр ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон, ки барои аз толибон паноҳ ёфтан гурехтаву дар ин кишвар қарор доштанд, ба давлати дигар интиқол дода шуданд.

Ҳудуди 150 халабони Неруҳои ҳарбии ҳавоӣ ва дигар хизматчиёни ҳарбии Афғонистон, ки дар ИМА паноҳ бурданӣ буданд, муддати зиёда аз ду моҳ дар яке аз осоишгоҳҳои канори Душанбе иқомат доштанд.

Нимаи моҳи август Радиои Озодӣ хабар дод, ки 143 низомии Афғонистон шаби 15-уми август тавассути чархболу ҳавопаймо аз ин кишвар фирор карда, дар фурудгоҳи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон поин омадаанд. Рӯзи 1 сентябр онҳоро ба осоишгоҳ (санатория)-е дар канори Душанбе бурданд.

Шаби 9 ба 10 ноябр, тибқи маълумоти Радиои Озодӣ, халабонҳои афғон аз Тоҷикистон ба дигар кишвар бурда шуданд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.