“Тиллои сафед”-и тоҷик ба куҷо меравад?

Дар Тоҷикистон то 3 декабр аз майдони кишти 174 ҳазору 155 гектар зиёда аз 404 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд, ки 30 ҳазор тонна зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Лекин қисмати зиёди ҳосили пахта ба хориҷи кишвар дар шакли ашёи хом содир гардида, дар дохили ҷумҳурӣ ҳамагӣ 20%-и он коркард мешавад. […]

Дар Тоҷикистон то 3 декабр аз майдони кишти 174 ҳазору 155 гектар зиёда аз 404 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд, ки 30 ҳазор тонна зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Лекин қисмати зиёди ҳосили пахта ба хориҷи кишвар дар шакли ашёи хом содир гардида, дар дохили ҷумҳурӣ ҳамагӣ 20%-и он коркард мешавад. Дар натиҷа миллионҳо доллар фоидаи имконпазир аз даст дода мешавад.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, дар зарфи 10 моҳи соли 2021 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 135 млн доллар ҳудуди 72 ҳазор тонна пахта содир шудааст. Агар ба назар гирифта шавад, ки ҳосилнокии нах тақрибан 40% аз ҳаҷми пахтаи хомро ташкил диҳад, пас тахмин кардан мумкин аст, ки ҳудуди 300 ҳазор тонна пахта бе коркард ба хориҷа бароварда мешавад.

Бо назардошти зиёдтар будани арзиши маснуотии нассоҷӣ аз нахи пахта, Тоҷикистон дар содироти пахта пули зиёдтар корда метавонист. Аммо дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 20%-и ашёи хом коркард мешавад.

Ҳанӯз соли 2018 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба парлумон изҳор дошта буд, ки бидуни коркард ягон килограмм пахта ба хориҷи кишвар фиристода нашавад.

Вазорати рушди иқтисод сабаби аз фаъолият бозмондани бисёре аз корхонаҳои коркарди пахтаро ба таҷҳизоти фарсудашуда, надоштани технологияи истеҳсоли маҳсулоти рпақобатпазир ва маблағи кофӣ надоштан барои гардиш нисбат медиҳад.

Дар ҷумҳурӣ тақрибан 100 корхонаи пахтатозакунӣ фаъолият мекунанд, ки 100 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол мекунанд.  Дар корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон дар як сол ҳамагӣ 20 ҳазор тонна нахи пахта коркард мешавад.

Нахи пахтаи Тоҷикистон ба сифати ашёи хом ба Туркия, Чин, Русия, Қазоқистон ва дигар кишварҳо фурӯхта мешавад. Бозпас ба ҷумҳурӣ маснуоти тайёри нассоҷӣ бо арзиши баланди иловашуда оварда мешавад.

Бори аввал нест, ки дар кишвар бобати зарурати роҳандозии силсилаи мукаммали коркарди пахта сухан мегӯянду дар ин самт барномаҳои дархлдор қабул ҳам мешаванд, лекин натиҷае ҳосил намешавад.

Яке аз роҳҳои раҳоӣ аз вазъ ташкили низоми пахта-нассоҷӣ-кластерӣ аст, ки пахтакорон, коркардкунандагон, хоҷагиҳои тухмипарварӣ, логистика, илм, ширкатҳои хидматгузор дар ин соҳаро ба як низом муттаҳид мекунад.

Бо муттаҳид шудан ба як кластер онҳо дар ҳамдастӣ метавонанд мушкилоти зиёди хоҷагиҳои пахтакорро ҳал кунанд, сар аз маблағгузорӣ то ҷорисозии технологияҳои нав.

Айни замон ҷумҳуриро зарур аст, ки коркарди дохилии пахтаро ҳадди ақалл то 50-60% расонида, содироти ришта, мансуоти нассоҷӣ ва равғани пахтаро зиёд намояд.

Пахта ҳамеша яке аз ду (дар баробари алюминии аввалия) маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба шумор меравад. Солҳои 80-уми замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон мунтазам то 800 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ мешуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.