Толибон вохӯрии вазиронашро бо дипломатҳои хориҷӣ манъ карданд

Раҳбарияти ҳаракати тундгарои “Толибон” ба вазирони ҳукумат, инчунин дигар шахсони мансабдор вохӯриро бо дипломатҳои хориҷӣ бе мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷӣ манъ кард. Тавре хабаргузории Фергана менависад, рӯзи 13 декабр дар саҳифаи “Амороти исломии Афғонистон” дар Twitter дар ин хусус хабари марбута нашр шуд. “Нахуствазири Амороти исломии Афғонистон (мулло Муҳаммад-Ҳасан Охунд) як амр содир намуд, […]

Раҳбарияти ҳаракати тундгарои “Толибон” ба вазирони ҳукумат, инчунин дигар шахсони мансабдор вохӯриро бо дипломатҳои хориҷӣ бе мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷӣ манъ кард. Тавре хабаргузории Фергана менависад, рӯзи 13 декабр дар саҳифаи “Амороти исломии Афғонистон” дар Twitter дар ин хусус хабари марбута нашр шуд.

“Нахуствазири Амороти исломии Афғонистон (мулло Муҳаммад-Ҳасан Охунд) як амр содир намуд, ки мувофиқи он ба вазирон ва мансабдорони аморат вохӯрӣ бо дипломатҳо ва сафирони давлатҳо бидуни мувофиқа бо департаменти масъули  расмиёти ташрифотӣ (протокол)-и Вазорати корҳои хориҷӣ манъ шудааст”, – омадааст дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, нусхаи асл ё матни амр оварда нашудааст.

Пас аз се ҳафта баъди тасарруфи ҳокимият дар Кобул толибон 7 сентябр ҳайати ҳукумати худро эълон карданд. Ба ҳайати он 33 нафар шомил шуданд.

Баъдан онҳо мансабҳои вазирӣ ва вазифаҳои ба он баробарро таъсис доданд. Аз ҷумла афроде, ки барои фаъолияти террористӣ аз ҷониби дигар давлатҳо ҷустуҷӯ мешаванду ба рӯйхатҳои таҳримотии СММ шомиланд, мансабдорони воломақоми ҳукумати Толибон шуданд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.