Арзиши иҷозатномаи мошинҳои сиёҳшиша дар Тоҷикистон боло меравад

Дар Тоҷикистон арзиши иҷозатнома барои сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳо боло меравад.  Нарх бо далели боло рафтани нишондиҳанда барои ҳисобҳо тағйир ёфтааст. Ҳоло як нишондиҳанда дар Тоҷикистон 60 сомонӣ ҳисоб мешавад, вале аз 1-уми январи соли 2022 он ба 64 сомонӣ баробар хоҳад шуд. Ҳамин тариқ, нархи сиёҳ кардани шишаи мошинҳои истеҳсолашон аз соли 2005, аз […]

Дар Тоҷикистон арзиши иҷозатнома барои сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳо боло меравад.  Нарх бо далели боло рафтани нишондиҳанда барои ҳисобҳо тағйир ёфтааст. Ҳоло як нишондиҳанда дар Тоҷикистон 60 сомонӣ ҳисоб мешавад, вале аз 1-уми январи соли 2022 он ба 64 сомонӣ баробар хоҳад шуд.

Ҳамин тариқ, нархи сиёҳ кардани шишаи мошинҳои истеҳсолашон аз соли 2005, аз оғози соли оянда 5 ҳазору 504 сомонӣ хоҳад шуд. Феълан ин нишондиҳанда 5 ҳазору 160 сомонӣ аст.

Бар асоси муқаррароти ҷорӣ, дар Тоҷикистон арзиши сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳои бароришашон то 31 декабри соли 2004 ба 65 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст, ки аз 1 январи соли 2022 он муодили 4 ҳазору 160 сомонӣ хоҳад буд. Ин нишондиҳанда барои мошинҳои соли бароришашон аз 1 январи соли 2005 то ҳол 86 нишондиҳанда барои ҳисобҳост, ки аз оғози соли оянда 5 ҳазору 504 сомониро ташкил хоҳад дод.

Тоҷикистон аз соли 2000 то 2009 сиёҳ ва ё хира кардани шишаи мошинҳоро ба истиснои чаҳор нафар – президент, нахуствазир ва раиси ду палатаи порлумон, манъ карда буд. Аз соли 2009 ба ин ҷониб ҳукумати Тоҷикистон сиёҳ ва ё хира кардани оинаи қафо ва паҳлӯи мошинҳоро бар ивази пардохти боҷи давлатӣ иҷозат додааст.

Дар оғоз гуфта мешуд, пуле, ки аз судури иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинҳо ба даст меояд, барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" сарф мешавад. Аммо Бозрасии Давлатии Автомобилӣ гузориш надодааст, ки то кунун аз ин ҳисоб чӣ миқдор маблағ ба даст омадааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.