“Барқи тоҷик”: Ҳамагӣ 1%-и барқи Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол меёбад

Айни замон аз Тоҷикистон ба Афғонистон танҳо барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани хатҳои интиқол ва таҷҳизот, дар ҳаҷми начандон зиёд неруи барқ интиқол дода мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз “Барқи тоҷик”. Ба гуфтаи манбаъ, тавре ки охири моҳи декабр ширкатҳои энергетикии ду кишвар тавофуқ ҳосил намуда буданд, ҳаҷми интиқоли шабонарӯзии барқ ба ин […]

Айни замон аз Тоҷикистон ба Афғонистон танҳо барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани хатҳои интиқол ва таҷҳизот, дар ҳаҷми начандон зиёд неруи барқ интиқол дода мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз “Барқи тоҷик”.

Ба гуфтаи манбаъ, тавре ки охири моҳи декабр ширкатҳои энергетикии ду кишвар тавофуқ ҳосил намуда буданд, ҳаҷми интиқоли шабонарӯзии барқ ба ин кишвар 600-700 ҳазор киловатт-соатро ташкил медиҳад.

“Ба тавозуни умумии ттаъминоти Тоҷикистон бо барқ ин ҳаҷм ҳеҷ гуна таъсир намерасонад”, – гуфтанд дар ширкат.

Манбаъ таъкид дошт, ки содироти шабонарӯзии барқ ба Афғонистон ба ҳисоби миёна тақрибан ба 1% аз ҳаҷми умумии барқи дар Тоҷикистон истеҳсолмешуда баробар аст.

Зимнан зикр шуд, ки танҳо дар мавсими баҳору тобистон, замони дар ҳаҷми барзиёд барқро дар ихтиёр доштани неругоҳҳои кишвар ҳаҷми содирот тадриҷан меафзояд.

“Мувофиқи қарордодҳо, дар моҳҳои май-сентябри соли 2022 Тоҷикистон ба Афғонистон шабонарӯзӣ то 9,6 млн киловатт-соат барқ интиқол медиҳад”, – зикр кард сарчашмаи хабар.

Манбаъ илова намуд, ки “Барқи тоҷик” ният дорад, ки ҳамаи уҳдадориҳои худро тиқби қарордоди имзошуда бо Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) иҷро кунад ва умедвор аст, ки ин ширкат пардохти маблағи истифодаи барқро пурра ва саривақт таъмин хоҳад кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.