Зинаи аввали ДМТ дар радабандии беҳтарин макотиби олии ҷумҳурӣ

Дар радабандии мактабҳои олии ҷумҳурӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) зинаи авалро ишғол мекунад. Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президенти ҷумҳурӣ Шоҳин Саидзода дар ин робита изҳор намуд, ки зинаҳои дуюмро дар радабандӣ (рейтинг) Донишгоҳи тиббӣ ва зинаи сеюмро Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон касб кардаанд. Дар ҳамин […]

Дар радабандии мактабҳои олии ҷумҳурӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) зинаи авалро ишғол мекунад.

Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президенти ҷумҳурӣ Шоҳин Саидзода дар ин робита изҳор намуд, ки зинаҳои дуюмро дар радабандӣ (рейтинг) Донишгоҳи тиббӣ ва зинаи сеюмро Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон касб кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки  дар муқоиса бо соли пешин (соли 2020) сифати таҳсил дар макотиби олии Тоҷикистон 4 фоиз боло рафтааст.

Барои муайян кардани сифати таҳсил (маълумот) Агентӣ шумори рисолаҳои номзадӣ ва доктории ҳимояшуда аз ҷониби омӯзгорони макотиби олӣ, шумори маводи илмӣ дар нашрияҳои Комиссияи олии аттестатсионӣ, шумори ихтироъҳо, пешниҳодоти тозаву муфид, натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-методӣ, монографияҳои чопшуда, шумори шарикон аз ташкилоту муассисаҳо, такмили ихтисоси омӯзгорон, таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар хориҷи кишвар, шумори компютерҳо ба ҳар кадоме аз донишҷӯён, таъмини онҳо бо китобҳои дарсӣ ва дигар нишондиҳандаҳоро ба инобат мегирад.

Аз рӯи ин нишондиҳандаҳо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли дуюм аст, ки ба зинаи аввал дар ҷумҳурӣ соҳиб мешавад.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба рейтинги донишгоҳҳои беҳтарини Аврупо ва Осиёи Марказӣ – 2022 QS World University Rankings: EECA (Emerging Europe and Central Asia) шомил шуд, ки аз ҷониби ширкати бритониёии Quacquarelli Symonds (QS) таҳия шудааст. Миёни 450 мактаби олии минтақа Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мақоми 241-умро касб кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.