Шоҳин Саидзода: “Миёни омӯзгорон тарки оммавии кор ва ба муҳоҷират рафтан ба мушоҳида намерасад”

Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президенти Тоҷикистон Шоҳин Саидзода овозаҳои аз ҷониби омӯзгорон дастаҷамъона тарк кардани ҷойҳои корӣ ва рӯ ба муҳоҷират овардани онҳоро рад кард. “Солҳои пандемияи коронавирус бисёре аз муаллимон, ки дар дигар кишварҳо кор мекарданд, ба хориҷа сафар карда натавонистанд ва дар мактабҳо дарсҳои иловагӣ гирифтанд. Соли 2021 […]

Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президенти Тоҷикистон Шоҳин Саидзода овозаҳои аз ҷониби омӯзгорон дастаҷамъона тарк кардани ҷойҳои корӣ ва рӯ ба муҳоҷират овардани онҳоро рад кард.

“Солҳои пандемияи коронавирус бисёре аз муаллимон, ки дар дигар кишварҳо кор мекарданд, ба хориҷа сафар карда натавонистанд ва дар мактабҳо дарсҳои иловагӣ гирифтанд. Соли 2021 сарҳадҳо боз шуда, ин гуруҳи омӯзгорон ба ҷойҳои кории пешинаи худ баргаштанд. Дар натиҷа, ба назари бархе чунин мерасад, ки омӯзгорон ногаҳон кори худро дар мактаб партофта, ба муҳоҷират мераванд, лекин ин тавр нест”, – шарҳ дод вазъро Шоҳин Саидзода зимни нишасти матбуотии имрӯза.

Бино ба маълумоти вай, соли гузашта 16 ҳазор нафар макотиби олиро бо ихтисосҳои омӯзгорӣ хатм кардаанд.

“Зиёда аз 8,6 ҳазор нафари онҳо, ки дар гуруҳҳои буҷетӣ мехонданд, барои кор ба мактабҳо фиристода шуданд”, – иброз дошт ӯ.

Айни замон дар мактабҳои Тоҷикистон 160 ҳазору 785 омӯзгор машғули кор буда, шумори мактабхонҳо 2 млн 696 ҳазору 727 нафарро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки миёни собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ(СССР) аз лиҳози ҳаҷми музди меҳнат Тоҷикистон зинаи охир ва аз рӯйи сарбории кор ба омӯзгорон – мақоми аввалро ишғол мекунад.

Сатҳи сарбории кор ба муаллимон дар мактабҳо баланд боқӣ мемонад. Дар муассисаҳои маълумоти миёнаи умумӣ ба як омӯзгор ба ҳисоби миёна 16 талаба рост меояд. Дар ҳамин ҳол, дар мактабҳои шаҳр ба ҳар як омӯзгор зиёда аз 20 хонанда рост меояд.

Дар Русия ин нишондиҳана ба 8 хонанда, Ӯзбекистон – 13 ва Қирғизистон – 15 талаба баробар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.