15 довталаби курсии президентӣ: Дар Туркманистон сабти номи номзадҳои интихобот ба поён расид

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Туркманистон номзадии 9 намояндаи ҳизбҳои сиёсии ин кишвар ва шаш номзади гуруҳи ташаббускори тозатаъсисро ба мақоми президентӣ дар интихобот ба қайд гирифтааст. Номзадҳои сабтиномшуда, ки дар интихоботи президентии Туркманистон бо писари раисҷумҳур ва муовини сарвазир Сардор Бердимуҳаммадов вориди рақобат мешаванд, дар саҳнаи сиёсӣ чандон машҳур нестанд. Нозирони маҳаллӣ мегӯянд, ин […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Туркманистон номзадии 9 намояндаи ҳизбҳои сиёсии ин кишвар ва шаш номзади гуруҳи ташаббускори тозатаъсисро ба мақоми президентӣ дар интихобот ба қайд гирифтааст.

Номзадҳои сабтиномшуда, ки дар интихоботи президентии Туркманистон бо писари раисҷумҳур ва муовини сарвазир Сардор Бердимуҳаммадов вориди рақобат мешаванд, дар саҳнаи сиёсӣ чандон машҳур нестанд.

Нозирони маҳаллӣ мегӯянд, ин номзадҳо афроди содиқ ба ҳукумати Туркманистон ҳастанд ва наметавонанд дар интихобот рақиби ҷиддии Сардор Бердимуҳаммадов бошанд.

Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадови 64-сола рӯзи 11-уми феврал, пас аз понздаҳ соли раҳбарӣ, эълон кард, ки мумкин аст ба истеъфо биравад ва роҳро барои ҷавонҳо бикушояд. Бисёриҳо эҳтимоли интиқоли қудрат аз падар ба писарро дар ин кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ тахмин мезананд.

Сардор Бердимуҳаммадов аз моҳи феврали соли 2021 дар мансаби муовини сарвазири Туркманистон кор мекунад. Яъне, муовини падараш ва амалан шахси дувуми ҷумҳурӣ аст. Гуфта мешавад, номзадии Бердимуҳаммадови хурдӣ аз тарафи ҳизби ҳокими демократии Туркманистон пешниҳод шудааст. Падараш се дафъа аз тарафи ин ҳизб номзад шуда буд.

 

Бердимуҳаммадови калонӣ аз соли 2007, замони ба қудрат расиданаш (пас аз марги туркманбошӣ, Сафармурод Ниёзов) Туркманистонро бо панҷаҳои оҳанин роҳбарӣ дорад. Муҳлати президентии ӯ бояд соли 2024 ба охир мерасид. Вай ҳамзамон сарвазир аст ва, инчунин, вазифаи раиси Шӯрои Мардумӣ, палатаи болоии порлумони Туркманистонро ба уҳда дорад. Чизе, ки бо Қонуни асосии он кишвар дар “ҷанг” аст.

Коршиносон мегӯянд, таъйини интихоботи зудҳангом ё пеш аз муҳлат низ бо поймол кардани қонунҳои Туркманистон сурат гирифтааст.

Бино қонунҳои Туркманистон, интихоботи пеш аз муҳлат замоне таъйин мешавад, ки агар раисиҷумҳур бо ин ё он сабаб аз уҳдаи иҷрои вазифааш набарояд ва салоҳиятҳояш ба иҷрокунандаи вазифаи президент вогузор шавад. Дар шароити ҳозира раисиҷумҳури Туркманстон ба иҷрои вазифаҳояш идома медиҳад ва салоҳияташ низ ба шахси дигар нагузаштааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.