Вазъи муҳоҷирон дар Русия сахттар мешавад: тасмим доранд ронандаҳои муҳоҷири мастро депорт кунанд

Дар Русия лоиҳаи нави Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳия шудааст, ки дар сурати мавриди амал қарор гирифтани он метавонанд муҳоҷиронеро, ки дар ҳолати мастӣ мошин меронанд аз қаламрави ин кишвар ихроҷ кунанд. Ҳамчунин ин муҳоҷироне, ки  низ даст ба ҷинояти фасодкорӣ мезананд ба чунин сарнавишт гирифтор мешаванд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС ба истинод ба маълумоти Вазорати […]

Дар Русия лоиҳаи нави Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳия шудааст, ки дар сурати мавриди амал қарор гирифтани он метавонанд муҳоҷиронеро, ки дар ҳолати мастӣ мошин меронанд аз қаламрави ин кишвар ихроҷ кунанд. Ҳамчунин ин муҳоҷироне, ки  низ даст ба ҷинояти фасодкорӣ мезананд ба чунин сарнавишт гирифтор мешаванд.

Дар ин бора хабаргузории ТАСС ба истинод ба маълумоти Вазорати умури дохилии Русия хабар медиҳад.

Вазорати умури дохилии ин кишвар пешниҳод кардааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷузъ масъулият дар чаҳорчӯби ҷавобгарии маъмурӣ дар бахши муҳоҷират, инчунин барои содир кардани дигар ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ аз қаламрави Русия ихроҷ карда шаванд.

Дар тарҳи нави Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмури Русия ҳамакнун муҳоҷироне, ки дар ҳолати мастӣ қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон мекунанд ва даст ба фасодкорӣ мезананд, тасим ҳаст аз қаламрави ин кишвар ихроҷ ё худ депорт мешаванд.

Вазорати умури дохилии Русия дар тарҳи мукаммали қонун механизмҳои нави назорати будубоши муҳоҷирон дар қаламрави ин кишварро пешниҳод карда, ҷавобгарии маъмурӣ ва ихроҷи маъмуриро дар як мафҳуми “ихроҷ аз Русия” муттаҳид кардааст. Кодекси нав аз сӯйи Вазорати адлияи Русия таҳия шуда, гуфта мешавад баъзе унсурҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар самти муҳоҷират таҷдиди назар карда мешавад.

Унсурҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар кодекси нав дар банди “дағалона” муттаҳид мешавад.

Ба ин банди қонун ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии дорои хусусияти экстремистӣ-террористӣ, коррупсионӣ, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ ё тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ ҳуқуқвайронкуниҳои дар ҳолати мастӣ содиршуда ё саркашии ронандагони воситаи нақлиёт аз муоинаи тиббӣ ворид шудааст.

Инчунин гуфта мешавад  шаҳрвандони хориҷие, ки дар пайи ҳуқуқвайронунии маъмурӣ ихроҷ мешаванд, аз ҳуқуқҳои махсуси доштаашон дар Русия маҳрум карда мешаванд. 

Ба иттилои расонаҳои русӣ сар аз 1-уми январи соли 2022 ихроҷи муҳоҷироне, ки бо корҳои ғайриқонунӣ машғуланд аз қаламрави Русия шуруъ шудааст. Аз корфармоёни рус барои ба кор қабул кардани чунин нафарон ба маблағи то 800 ҳазор рубл ҷарима ситонида мешавад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.