“Регар-ТадАЗ” бори сеюм ба Ҷоми Федератсияи футбол соҳиб шуд

Мусобиқаи 11-уми Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода анҷом пазируфт. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар бозии финалӣ “Регар-ТадАЗ” тими “Ҳосилот”-и Фархорро бо ҳисоби калони 4 бар 0 шикаст дода, соҳиби Ҷом шуд. Ин пирӯзии сеюми тими “Регар-ТадАЗ” дар мусобиқаи Ҷоми Федерасияи футболи ҷумҳурӣ аст. Солҳои 2012 ва 2016 […]

Мусобиқаи 11-уми Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода анҷом пазируфт.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар бозии финалӣ “Регар-ТадАЗ” тими “Ҳосилот”-и Фархорро бо ҳисоби калони 4 бар 0 шикаст дода, соҳиби Ҷом шуд.

Ин пирӯзии сеюми тими “Регар-ТадАЗ” дар мусобиқаи Ҷоми Федерасияи футболи ҷумҳурӣ аст. Солҳои 2012 ва 2016 низ ин даста ҷомро ба даст оварда буд.

Дар бозӣ барои дарёфти ҷойи сеюми мусобиқаи Ҷоми ФФТ-2022 “Файзканд”-и Восеъ бо ҳисоби 3 бар 1 бар дастаи “Хатлон”-и Бохтар дастболо шуд.

Дар маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони мусобиқа ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, дабири кулли ФФТ Давлатманд Исломов, узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Анваршо Мирзоев, мудири кулли Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов ва мудири шабакаи телевизиони “Душанбе” Маъруфҷон Оқилов иштирок карданд.

Ҳамлагари дастаи “Регар-ТадАЗ” Артур Фозилов, ки ба дарвозаи “Ҳосилот” ду тӯб равона кард, бозигари беҳтарини вохӯрии финалӣ эътироф карда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.