Рубл дар Тоҷикистон тайи 1 шабонарӯз 17,4% беқурб шуд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар як шабонарӯз қурби расмии рублро нисбат ба сомонӣ 17,4% – аз 0,1365 сомонӣ барои 1 рубл дар рӯзи 28 феврал то ба 0,1128 сомонӣ барои имрӯз, 1 март поин бурд. Дар бонкҳои тиҷоратӣ ҳанӯз чанде пештар қурби хариди асъори Русия ба таври назаррас поин рафта, дар ҳамин ҳол, қурби фурӯши […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар як шабонарӯз қурби расмии рублро нисбат ба сомонӣ 17,4% – аз 0,1365 сомонӣ барои 1 рубл дар рӯзи 28 феврал то ба 0,1128 сомонӣ барои имрӯз, 1 март поин бурд.

Дар бонкҳои тиҷоратӣ ҳанӯз чанде пештар қурби хариди асъори Русия ба таври назаррас поин рафта, дар ҳамин ҳол, қурби фурӯши он қариб бетағйир боқӣ монд. Ба ин тариқ, дар “Амонатбонк” қурби хариди рубл то 0,0950 сомонӣ, дар “Ориёнбонк” – то 0,0980 сомонӣ ва дар “Бонки Эсхата” – то 0,1025 сомонӣ поин рафт.

Қурби рубл барои имрӯз аз ҷониби ин бонкҳои низомсози кишвар тариқи зайл муқаррар шудааст: “Амонатбонк” -0,1010 ва 0,1020 сомонӣ (харид ва фурӯш), “Ориёнбонк” – 0,1070 ва 0,1250 сомонӣ ва “Бонки Эсхата” – 0,1073 ва 0,1100 сомонӣ.

Дар Бонки Миллӣ гуфтанд, дар ояндаи наздик вазъи бахши бонкии ҷумҳурӣ, аз ҷумла қурби рублро шарҳ хоҳанд дод. Дар бонкҳои тиҷоратӣ тағирёбии қурби асъорро ба номуайянӣ дар арзиши пули русӣ дар пасманзари амалҳои низомии байни Русия ва Украина, инчунин таҳримҳои гуногуни кишварҳои Ғарб рабт медиҳанд.

Мутахассиси яке аз бонкҳо бидуни ифшои ному насаб ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки дар қурбҳои муқарраршуда, фарқияти калони хариду фурӯш на он қадр арзиши мубодилавии рубл, балки хоҳиши бонкҳоро дар худдории муваққатӣ аз тиҷорат бо ин асъор дар шароити номуайянӣ инъикос менамояд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои ахир бар асари хатарҳои геополитикӣ ва ҷорисозии таҳримҳо қурби рубл ба таври бесобиқа поин рафт.

Чанде пеш дар ҷаласаи таъҷилии шӯрои мудирон Бонки Русия барои дастгирии рубл меъёри калидиро аз 9,5% то 20% боло бурд.

Қобили зикр аст, ки поинравии қурби рублро дар бонкҳои Тоҷикистон оилаҳои муҳоҷирони тоҷик, ки саробонашон дар Русия кор мекунанд, хеле дардовар қабул мекунанд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, аз соли 2016 бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон маблағҳои интиқол бо рубли Русия дар бонкҳои ҷумҳурӣ танҳо бо арзи миллӣ пас аз мубодилаи он бо қурби ҳамон лаҳза дода мешаванд.

Бино ба маълумоти мақомоти муҳоҷирати Русия, зиёда аз 1 млн шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар қарор доранд, ки тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии коршоями ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.