Рустами Эмомалӣ барои баргузории мусобиқаи байнулмилалии гӯштин 2 млн сомонӣ ҷудо кард

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба баргузории Мусобиқаи байнулмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Душанбе байни мардон ва занон 2 млн сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Тавре ки дар торнамои расмии шаҳрдории пойтахт хабар дода мешавад, ин мусобиқа аз 17 то 22 март дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” дар Душанбе баргузор мешавад. “Мусобиқа бо мақсади […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба баргузории Мусобиқаи байнулмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Душанбе байни мардон ва занон 2 млн сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Тавре ки дар торнамои расмии шаҳрдории пойтахт хабар дода мешавад, ин мусобиқа аз 17 то 22 март дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” дар Душанбе баргузор мешавад.

“Мусобиқа бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш ва таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ гузаронида мешавад”, – омадааст дар хабари шаҳрдорӣ.

Бино ба маълумоти пешакӣ, 3-юмин мусобиқаи байнулмилалии “Гӯштингирӣ” барои дарёфти Ҷоми Душанбе дар шаш вазн – 60 кг, 65 кг, 70 кг, 80 кг, 90 кг ва +90 кг доир мегардад.

Дар мусобиқаи 2-юми соли пешин намояндагони 13 кишвар – Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Ӯзбекистон, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон ширкат варзида буданд.

Ғолибони ҳар кадоме аз вазнҳои мусобиқа ба сифати ҷоиза ба автомашинаҳо соҳиб шуда буданд. Варзишгарони зинаҳои дуюму сеюмро ишғолнамуда мутаносибан ба 3 ҳазор ва 1,5 ҳазор мукофотпулӣ қадрдонӣ шуда буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.