Чор медали муштзанҳои навраси тоҷик дар Чемпионати Осиё

Муштзанҳои навраси тоҷик ба дарёфти чор медал – 1 нуқра ва 3 биринҷӣ дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон дар Урдун шарафёб гардиданд. Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, танҳо як варзишгари мо – Анӯшервон Фозилов( -46кг) то даври финалӣ расида, аз намояндаи Ҳиндустон Криш Пал мағлуб ва бо […]

Муштзанҳои навраси тоҷик ба дарёфти чор медал – 1 нуқра ва 3 биринҷӣ дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон дар Урдун шарафёб гардиданд.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, танҳо як варзишгари мо – Анӯшервон Фозилов( -46кг) то даври финалӣ расида,

аз намояндаи Ҳиндустон Криш Пал мағлуб ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Гуфта мешавад се варзишгари дигар – Руслан Ғафуров (-57кг), Рустамҷон Ашуров (-60кг) ва Ҳангома Исоева (-57кг) медали биринҷӣ гирифтанд.

Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон бо 4 медал зинаи 6-умро ишғол кард. Ӯзбекистон (11 медали тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ), Ҳиндустон (8-7-10) ва Қазоқистон (6-7-9) дар садри сегонаи аввали ҷадвал қарор гирифтанд.

Дар рӯзҳои баргузории Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон дар Урдун Пичай Чунхаваҷира аз Таиланд президенти нави Федератсияи бокс (ASBC) интихоб шуд.

Қобили зикр аст, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон 2 март дар шаҳри Аммони Урдун оғоз гардида буд. Дар чемпионат варзишгарон аз 21 давлати қора иштирок доранд. Аз ҷумҳурии мо 21 варзишгар (11 нафар миёни ҷавонон, 10 нафар миёни наврасон) ба Урдун сафарбар гардиданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.