Русия содироти ғалладонагиҳо ва шакарро манъ кард: таъсираш ба Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

Ҳукумати Русия содироти зироати ғалладона, доруворӣ, нуриҳои минералӣ, инчунин зиёда аз 200 номгӯи таҷҳизоти технологӣ, телекоммуникатсионӣ, тиббӣ ва техникаи кишоварзиро манъ кард. Манъи муваққатии содироти баъзе маҳсулот аз Русия ба бозории дохилии Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мекунад ва ин метавонад ба гароншавии молу маҳсулоти маҳаллӣ ва воридотӣ аз дигар кишварҳо боис гардад? Ба ақидаи иқтисодчӣ […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ҳукумати Русия содироти зироати ғалладона, доруворӣ, нуриҳои минералӣ, инчунин зиёда аз 200 номгӯи таҷҳизоти технологӣ, телекоммуникатсионӣ, тиббӣ ва техникаи кишоварзиро манъ кард.

Манъи муваққатии содироти баъзе маҳсулот аз Русия ба бозории дохилии Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мекунад ва ин метавонад ба гароншавии молу маҳсулоти маҳаллӣ ва воридотӣ аз дигар кишварҳо боис гардад?

Ба ақидаи иқтисодчӣ Умед Ҷӯраев, ин набояд ба бозори Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расонад ва болоравии нархҳоро дар Тоҷикистон ба қарори ҳукумати Русия дар бораи маҳдудият ё пурра манъи содироти шакар ва ғалладонагиҳо аз ин кишвар марбут донистан лозим нест.

Иқтисодчӣ бар ин назар аст, ки дар қиматшавии молу маҳсулот дар Тоҷикистон болоравии нархи маводи сӯхт ва таваррум нақши асосӣ мебозад.

Дарвоқеъ нишондиҳандаи Тоҷикистон аз лиҳози воридоти молу маҳсулот аз Русия баланд буда, аммо аз нигоҳи маҳсулоти хӯроквории мавриди ниёзи аввал кишварҳои дигаре ҳастанд, ки воридот аз он ҷо сурат мегирад.

Ҳиссаи Русия дар воридоти шакар ба Тоҷикистон ҳамагӣ 15 дарсад аст ва камбуди ин маҳсулотро метавон аз ҳисоби афзоиши воридоти он аз кишварҳои дигар, масалан Покистон, ҷуброн кард.

Умед Ҷӯраев бо такя ба маълумоти савдои хориҷии Русия гуфт, соли 2021 Тоҷикистон воридоти шакар (қанд) аз Русия ва маснуоти қаннодӣ аз шакарроқ ариб ба маблағи 20 млн доллар кам кард.

Ҳаҷми асосии ғалларо Тоҷикистон аз Қазоқистон мехарад ва аз Русия ба ҷумҳурӣ маҳсулоти аз ғалладона истеҳсолшуда, ки 48,2% аз ҳаҷми умумии воридот аз Русияро ташкил медиҳаду манъ нест, ворид мегардад.

Бо дарназардошти афзоиши хароҷоти нақлиёт ин маҳсулот шояд 10-15% гаронтар шаванд, аммо камбуд ба вуҷуд намеояд, зеро Русия ба интиқоли онҳо идома медиҳад.

Тоҷикистон бештар аз воридоти равғани растанӣ аз Русия вобаста аст, ки воридоти он зиёда аз 60% аз ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, Русия содироти маводи доруворӣ ва нуриҳои минералиро низ манъ кард, лекин он умуман ба бозори Тоҷикистон таъсир нахоҳад кард, зеро ҳиссаи Русия дар воридоти ин молу маҳсулот ба Тоҷикистон мутаносибан 12 ва 6%-ро ташкил медиҳад.

“То ҷое, ки ман огаҳам, содироти равған ҳоло манъ нашуда, лекин бо назардошти вазъи иқтисодӣ дар замони ихтилоф баҳри таъмини амнияти оуқавории худ Русия метавонад мувақққатан содироти ин навъи маҳсулотро манъ кунад ва дар ин ҳолат, воқеъан ҳам нархи равған ба таври қобили мулоҳиза боло хоҳад рафт”, – пешгӯӣ мекунад иқтисодчӣ.

“Аз ин рӯ, маҳдудияти содироти баъзе маҳсулот аз Русияро наметавон сабаби аслии боло рафтани нархҳо дар Тоҷикистон арзёбӣ кард, – хулоса кард коршиноси масоили иқтисодӣ. – Зарур аст, ки суръати истеҳсоли маҳсулоти асосии озуқаро дар худи Тоҷикистон афзоиш дода, ба навъбахшӣ (диверсификатсия)-и воридот идома дод”.

Соли 2021 ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия зиёда аз 1,2 млрд долларро ташкил дод, ки 44,66% (беш аз 374,3 доллар) зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад.

Соли гузашта содирот аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд 114 млн долларро ташкил дод, ки 40% бештар дар муқоиса бо соли 2020 аст.

Тавозуни савдои дуҷониба дар ҳаҷми зиёда аз 1 млрд доллар ба манифтаи Русия шакл гирифтааст.

Дар сохтори содироти Русия ба Тоҷикистон дар соли 2021 ҳиссаи асосӣ ба маводи сӯхт ва маҳсулоти минералӣ, маводи ғизоӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ, чӯб ва маснуоти коғазӣ, фулузот (металл) ва маснуот аз он, маҳсулоти саноати кимиё, мошинҳо, таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёт рост меояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.