Вакили пешини порлумон Олимҷон Салимзода соҳиби нишони Императори Ҷопон шуд

Олимҷон Салимзода, вакил ва раиси пешини Кумитаи равобити байналмилалӣ ва кор бо иттиҳодияҳои ҷамъиятии порлумони Тоҷикистон (2009-2020) барои саҳми муассир дар тавсеа ва таҳкими муносиботи Тоҷикистону Ҷопон бо нишони “Тулӯъи хуршед”- и Императори Ҷопон сарфароз гардидааст. Гуфта мешавад, ки Салимзода дуввумин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки бо ин нишони ифтихории Ҷопон сазовор дониста мешавад. Се сол пеш Талбак […]

Олимҷон Салимзода, вакил ва раиси пешини Кумитаи равобити байналмилалӣ ва кор бо иттиҳодияҳои ҷамъиятии порлумони Тоҷикистон (2009-2020) барои саҳми муассир дар тавсеа ва таҳкими муносиботи Тоҷикистону Ҷопон бо нишони “Тулӯъи хуршед”- и Императори Ҷопон сарфароз гардидааст.

Гуфта мешавад, ки Салимзода дуввумин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки бо ин нишони ифтихории Ҷопон сазовор дониста мешавад. Се сол пеш Талбак Назаров, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон нишони “Тулӯъи хуршед” (дараҷаи 1)-ро ба худ ихтисос дода буд.

Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон мегӯяд, маросими супоридани мукофот шоми 15-уми март дар сафорати Ҷопон бо иштироки Тошихиро Аики, сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон, Олимҷон Салимзода ва дигар шасхсони расмӣ сурат гирифт.

–  Олим Салимзода дар тӯли зиёда аз даҳ сол ҳамчун раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Ҷопон ва Тоҷикистон ва раиси Кумитаи корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданашон саҳми бузурге барои таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва рушди табодули байнипарлумонии Ҷопон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштааст, -менависад сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон.

“Тулуъи хуршед” нахустин нишони миллии Ҷопон аст ва бо қарори Шӯрои давлатии Ҷопон 10 апрели соли 1875 таъсис ёфтааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷопон ин нишон ба афроде дар дохил ва хориҷи Ҷопон тақдим мешавад Дар канори ҷопониҳо шаҳрвандони хориҷӣ низ метавонанд бо ин нишон сарфароз бишаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.