Як духтари мактабхон дар Бохтар баъди “маршировка” даргузаштааст

Шаҳноза Сафарова, як хонандаи мактаби рақами 15 – шаҳри Бохтар, ки ба омодагӣ ба чорабиниҳои наврӯзи имсола ё "маршировка" ҷалб шуда буд, баъди як рӯзи шикоят аз бемории шушу таби баланд дар беморхона даргузаштааст. Дар ин бора Радиои “Озодӣ” хабар медиҳад. Дирӯз, 15-уми март як манбаи “Азия – Плюс” низ аз марги як хонандаи синиф 10-и […]

Шаҳноза Сафарова, як хонандаи мактаби рақами 15 – шаҳри Бохтар, ки ба омодагӣ ба чорабиниҳои наврӯзи имсола ё "маршировка" ҷалб шуда буд, баъди як рӯзи шикоят аз бемории шушу таби баланд дар беморхона даргузаштааст. Дар ин бора Радиои “Озодӣ” хабар медиҳад.

Дирӯз, 15-уми март як манбаи “Азия – Плюс” низ аз марги як хонандаи синиф 10-и мактаб баъди ширкат дар “маршировка” дар шаҳри Бохтар хабар дода буд.

“Озодӣ” аз қавли наздикони Шаҳноза Сафарова навиштааст, ки ӯ мушкили шуш дошт ва рӯзи 14-уми март аз таби баланд шикоят карда, 15-уми март дар бемористон ҷон дод.

– Беаҳамиятӣ кардем. Ҳамон рӯз дар мактаб аҳволаш бад шудааст. Ба бемористон бурдем. Табибон 10-12 соат кӯшиш карданд, вале наҷот дода натавонистанд. Шушҳояш об гирифта будаанд, – гуфтааст Ҳайдаралӣ Сафаров, амаки Шаҳноза Сафарова.

Дар мактаби рақами понздаҳи шаҳри Бохтар низ иштироки духтарро дар "маршировка" тасдиқ кардаанд, вале гуфтаанд, "ӯ баъди бозгашт аз тамрин ҷон додааст ва онҳо дар бораи бад будани саломатияш маълумот надоштанд."

Гуфта мешавад, ки ин шабу рӯз дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон омодагӣ ба ҷашни имсолаи Наврӯз ҷараён дорад. Сафари раисҷумҳур ба минтақа низ дар назар аст. Барои иштирок дар чорабинӣ хонандагони мактаб ҷалб шудаанд, ки яке аз онҳо Шаҳноза Сафарова буд.

Даргузашти як хонандаи мактаб баъди ширкат дар маршировка дар ҳолест, ки баъди интиқоди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сифати таҳсилот вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон Раҳимҷон Саидзода ба ислоҳоти маориф даст зад буд. Ба гуфтаи мунақиддон яке аз ислоҳоти муҳим дар соҳааи маориф озод кардани муҳассилини миёна ва олӣ дар “маршировка”- ҳо мебошад.

Тақрибан ҳамасола ба истиқболи ин ё он ҷашни бузурги давлатӣ, ба мисли Рӯзи истиқлолият, ҷашни Наврӯз, Ваҳдати миллӣ ва ғайра даҳҳо ҳазор донишҷӯ ва шогирдони мактабҳову омӯзишгоҳҳо барои омодагӣ ба ҷалб карда мешаванд

Мавзуъи "маршировка" ё раҳпаймоиҳои иҷбории хонандагону донишҷӯён дар чорабиниҳои ҷашнии кишвар яке аз мавзуъҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Ин маърака ҳамеша ба вокуниш ва интиқоди волидон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мешавад. Волидон мегӯянд, чунин чорабиниҳо фарзандони онҳоро аз раванди таълим дур месозанд ва ҳатто ба саломатии кӯдакон хатар доранд. Бо вуҷуди танқиди зиёди ҷомеа, вазири вақти маорифи кишвар Муҳаммадюсуф Имомзода ҷалби донишҷӯёну хонандагон ба раҳпаймоиҳои ҷашниро як баҳси хасакӣ номида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.