Ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2021 каме зиёд шуд

Интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон тариқи низомҳои пардохт дар муқоиса бо соли 2020 дар соли 2021 ба андозаи 3,1% (54 млн доллар) зиёд шуд. Мутобиқи маълумоти рӯзи 16 март нашршудаи Бонки марказии Русия, дар соли 2021 ҳаҷми интиқоли маблағ ба Тоҷикистон 1 млрд 795 млн долларро ташкил додааст. Соли гузашта […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон тариқи низомҳои пардохт дар муқоиса бо соли 2020 дар соли 2021 ба андозаи 3,1% (54 млн доллар) зиёд шуд.

Мутобиқи маълумоти рӯзи 16 март нашршудаи Бонки марказии Русия, дар соли 2021 ҳаҷми интиқоли маблағ ба Тоҷикистон 1 млрд 795 млн долларро ташкил додааст. Соли гузашта ин нишондиҳанда ба 1 млрд 741 млн доллар баробар буд.

Маблағи як интиқол дар соли 2021 ба ҳисоби миёна 160 долларро ташкил додааст, ки 9 доллар зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад.

Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки ба интиқоли пули муҳоҷирони корӣ аз давлатҳои хориҷа вобаста аст. Дар соли 2021 муомилоти молиявӣ (транзаксия) аз Русия 20,5% аз ҳаҷми ММД-и соли гузаштаи ҷумҳуриро ташкил додааст.

Бино ба маълумоти мақомоти муҳоҷирати Русия, дар Русия зиёда аз 1 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Аз Тоҷикистон зиёдтар дар соли гузашта танҳо ба Ӯзбекистон маблағ интиқол дода шудааст, ки он ба 3,2 млрд доллар баробар аст.

Интиқоли пул ба Қирғизистон ба маблағи 1,1 млрд доллар, Арманистон – 531 млн доллар, Озарбойҷон – 346 млн доллар, Украина – 301 млн доллар, Молдова – 137 млн доллар, Беларус – 69 млн доллар ва Қазоқистон –66 млн доллар сурат гирифтааст.

Соли гузашта интиқоли пули нисбатан зиёдтар аз Русия ба кишварҳои хориҷи дур ба Туркия (358 млн доллар), Гурҷистон (254 млн доллар) ва Чин (117 млн доллар) амалӣ шудааст.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ аввали моҳи март изҳор доштанд, ки соли 2022 “интиқоли маблағ ба Озарбойҷон, Арманистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шояд ба таври назаррас коҳиш ёбад”.

Коҳиши интиқоли маблағ ба Тоҷикистон дар муқоиса бо соли пешин дар сатҳи 22% пешгӯӣ мешавад.

Ин пешгӯиҳо ба “паст шудани фаъолмандии иқтисодӣ дар Русия ва беқурбшавии рубл нисбат ба доллари ИМА” асоснок мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.