Дар Тоҷикистон ба ҳама намуди санҷиши соҳибкорон мораторий эълон шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 март “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” фармон ба имзо расонид. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, ин иқдом “бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо” амалӣ […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 март “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” фармон ба имзо расонид.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, ин иқдом “бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо” амалӣ мешавад.

Муҳлати мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 муқаррар шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон вазифадор шудааст, ки дар муҳлати як моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба фармони мазкур мутобиқ гардонад.

Дар шарҳи фармон гуфта мешавад, мувофиқи фармони мазкур Қонуни ҶТ «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» қабул карда мешавад, ки он муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншударо танзим мекунад.

Ҳамчунин қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян намуда, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкориро ҳифз менамояд.

Тибқи муқаррароти Қонун дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ боздошта мешавад.

Аз натиҷаи татбиқи мораторий ба санҷишҳо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мониторинги татбиқи қонунгузории мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро тибқи тартиби муқарраргардида гузаронида, аз натиҷаи он маълумоти таҳлилӣ манзур менамояд.

Зикр мегардад, ки Прокуратураи генералӣ назорати риоя ва иҷрои қонуни мазкурро амалӣ менамояд.

Ёдрас мекунем, ки мораторийи пешинаи дусола аз ҷониби президент аввали соли 2019 эълон шуда буд. Дар ин мораторий манъи ҳама гуна санҷишҳои субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолот пешбинӣ гардида буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.