Шарҳи муқаррароти мораторияи санҷиши субъектҳои хоҷагидорӣ ба вакилон

Вакилони парлумони Тоҷикистон имрӯз ба қонун «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» тағйирот ворид намуданд. Тағйироту иловаҳои қабулшуда манъи дусолаи санҷиши субъектҳои соҳибкориро дар соҳаи истеҳсолот қонунӣ карданд. Мувофиқи тағйироту иловаҳо, муддати ду сол фаъолияти истеҳсолкунандагон аз ҷониби Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вакилони парлумони Тоҷикистон имрӯз ба қонун «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» тағйирот ворид намуданд.

Тағйироту иловаҳои қабулшуда манъи дусолаи санҷиши субъектҳои соҳибкориро дар соҳаи истеҳсолот қонунӣ карданд.

Мувофиқи тағйироту иловаҳо, муддати ду сол фаъолияти истеҳсолкунандагон аз ҷониби Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук санҷида намешавад, изҳор дошт дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва илорраи амволи давлатии ҶТ Фаррух Ҳамрализода.

Бино ба гуфтаи ӯ, санҷиши субъектҳои зикршуда танҳо дар ҳолати аз ҷониби истеъмолгарон ворид шудани арзу шикоят оид ба поймолкунии ҳуқуқи онҳо сурат мегирад. Дар бораи кадом ҳуқуқҳо сухан меравад, маълумот дода нашуд.

Мувофиқи санад, моратория ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаи истеҳсолот то 1 январи соли 2021 амал мекунад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон охири соли гузашта  зимни ироаи паём ба парлумон, қайд кард, ки соли 2017 ҷиҳати бартараф намудани санҷишҳои беасос ва такрорӣ, ҳамчунин фароҳам сохтани шароити мусоид баҳри рушди соҳибкорӣ муддати 2 сол ба ҳама гуна навъҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолот моратория эълон шуд.

Бино ба гуфтаи ӯ, ин иқдом ба фаъолияти ҳудуди 2 ҳазор адад субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ таъсири мусбат расонид.

Дар шарҳи муқаррароти фармони соли гузаштаи президент зикр мегардад, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.