Utair: Парвозҳоро ба Тоҷикистон қатъ намекунем балки эҳтимол зиёд шавад

Ширкати ҳавопаймоии Utair изҳор намуд, ки ба иҷрои парвозҳо дар шабакаи хатсайрҳои худ ҳам дар дохили Русия ва ҳам ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон идома медиҳад. Айни замон ширкати мазкур аз Тоҷикистон ба Русия бо хатсайри Душанбе-Маскав (фурудгоҳи Внуково) дар як ҳафта 7 парвоз анҷом медиҳад. “Ҳамаи парвозҳои мо тибқи реҷаи пешбинишуда ба иҷро […]

Ширкати ҳавопаймоии Utair изҳор намуд, ки ба иҷрои парвозҳо дар шабакаи хатсайрҳои худ ҳам дар дохили Русия ва ҳам ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон идома медиҳад.

Айни замон ширкати мазкур аз Тоҷикистон ба Русия бо хатсайри Душанбе-Маскав (фурудгоҳи Внуково) дар як ҳафта 7 парвоз анҷом медиҳад.

“Ҳамаи парвозҳои мо тибқи реҷаи пешбинишуда ба иҷро расида, ҳоло ягон тағйирот сурат нагирифтааст. Эҳтимол баъди бекор шудани маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус ширкат шумори парвозҳоро зиёд кунад. То коронавирус мо дар як рӯз ба Маскав ду парвоз анҷом медодем”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” намояндаи Utair дар Тоҷикистон Ҳусейн Усмонов.

Ба гуфтаи президенти ширкати ҳавопаймоӣ Олег Семёнов, ки маркази матбуоти Utair ба он такя кардааст, парвозҳо ба хориҷа идома доранд.

“Айни замон Utair ба Озарбойҷон, Арманистон, Тоҷикистон, Туркия ва Ӯзбекистон парвозҳои байнулмилалӣ иҷро мекунад. Парвозҳо ба кишварҳои хориҷа бо ҳавопаймоҳое, ки моликияти Utair буда, дар феҳристи ҳавопаймоҳои мусофирбар (шаҳрвандӣ)-и Русия саб шудаанд, анҷом дода мешаванд”, – зикр мегардад дар сомонаи ширкати ҳавопаймоӣ.

Ба иттилои манбаъ, хидматгузории техникиии ҳавопаймоҳоро ширкат дар марказҳои худии дорои гувоҳномаҳои “ТС Техник” дар Уфа, Тюмен ва Сургут мегузаронад. Марказҳо бо таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётии кофии авиатсионӣ ҷиҳати коршоям нигоҳ доштани ҳавопаймоҳо таъминанд.

“Барои пешакӣ фармоиш додани билетҳо (брон) ва ҳифзи маълумот мо ҳамеша аз IT-платформаҳои Русия истифода мекардем. Ин маънои онро дорад, ки хидматгузориҳои онлайнӣ барои мусофирони мо дар реҷаи доимӣ дастрас мебошанд”, – шарҳ додааст Олег Семёнов.

Ёдрас мекунем, ки Росавиатсия 5 март ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тавсия дод, ки парвозҳои байнулмилалиро қатъ кунанд.

Тавсияи худро Росавиатсия ба сатҳи баланди хавфи таъхир ё ҳабси ҳавопаймоҳои Русия дар хориҷа, ки дар феҳристи ҳавопаймоҳои мусофирбари кишварҳои хориҷӣ дар доираи шартномаи лизинг бо ташкилоти хориҷӣ сабт шудаанд марбут дониста, тавсия дод, ки ҳамлу нақли мусофирон ва молу маҳсулотро аз нуқтаҳо дар қаламрави Русия ба нуқтаҳо дар кишварҳои хориҷӣ ва бозпас аз он ҷо қатъ кунанд.

Дар бораи Тоҷикистонро тарк кардани кадом ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аз маводи мо бо гузаштан ба суроғаи зерин маълумоти муфассал дарёфт карда метавонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.