Минбаъд дар Тоҷикистон ба тиҷорати электронӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мешавад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдори ҳукумат дастур дод, ки ҳарчӣ зудтар қонун “Дар бораи тиҷорати электронӣ”-ро таҳия кунанд. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратии назди президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ӯ мақомоти масъулро муваззаф намуд, ки барои роҳандозии тиҷорати электронӣ тамои тадбирҳои заруриро […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдори ҳукумат дастур дод, ки ҳарчӣ зудтар қонун “Дар бораи тиҷорати электронӣ”-ро таҳия кунанд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратии назди президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ӯ мақомоти масъулро муваззаф намуд, ки барои роҳандозии тиҷорати электронӣ тамои тадбирҳои заруриро андешанд.

“Бо мақсади таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи тиҷорати электронӣ дар кишвар ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки лоиҳаи Стратегияи рушди тиҷорати электронӣ ва барномаи амал оид ба татбиқи онро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд”, – омадааст дар хабар.

Стратегия ва барномаи амал бояд маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба баланд бардоштани малакаи рақамӣ ва молиявии аҳоливу соҳибкорон, рушди инфрасохтор ва логистикаи тиҷорати электронӣ, такмил додани гардиши ҳуҷҷатҳо ва пардохтҳои электронӣ фарогир бошад.

Ба мақомоти соҳавӣ президент супориш дод, ки чораҳои самараноки гузариши муназзам аз низоми анъанавӣ ба низоми рақамиро бо дарназардошти масъалаҳои муҳимми соҳа, аз ҷумла роҳандозии ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои электронӣ дар амалиёти тиҷоратӣ, истифодаи васеи кортҳои бонкӣ ва мобилӣ, коҳиш додани ҳаҷми тиҷорат бо пули нақд, ҷорӣ намудани расидҳои электронӣ ва дигар ҷанбаҳои рушди соҳа амалӣ намоянд.

Дар баробари ин, таъмини амнияти иттилоотӣ ва бехатарии киберӣ дар ҳама соҳаҳои истифодаи технологияҳои рақамӣ таъкид шуд.

“Вазорати маориф ва илм ва дигар сохторҳои марбута аз Президенти мамлакат супориш гирифтанд, ки барномаҳои таълимиро ҳарчи зудтар такмил дода, барои омӯзиши васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ шароити мусоид фароҳам оваранд”, – зикр мешавад дар хабар.

Дар ин раванд, таҳия ва татбиқи барномаи омодасозии кадрҳои соҳаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо истифодаи усулҳои муосири таълим мувофиқи мақсад дониста шуд.

Вобаста ба нақши муҳими паркҳои технологӣ дар ҳалли масъалаҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди тиҷорати электронӣ, афзоиши ҳиссаи технологияҳои иттилоотӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва тавлиди маҳсулоти глобалӣ, ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати мукаммал намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти паркҳои технологияҳои иттилоотӣ ва таъсиси онҳо чораҷӯӣ намоянд.

Қобили зикр аст, ки тиҷорати электронӣ (E-commerce) фаъолияти соҳибкорие мебошад, ки ба паҳн кардан, таблиғ (реклама), пешбурд, фурӯши хидматрасонӣ ё молу маҳсулот тариқи Интернет марбут аст. Ин соҳа дар ИМА пайдо шуда, сипас дар Аврупо ва охири солҳои 90-уми қарни гузашта дар Чин ва Русия рушд кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.