Эмомалӣ Раҳмон президентҳои нави Арманистон, Ҷумҳурии Корея ва Маҷористонро табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президентҳои тозаинтихоби Арманистон, Ҷумҳурии Корея ва Маҷористон барқия табрикӣ ирсол намуд. Дар барқияи табрикӣ ба президенти Арманистон Ваагн Хачатурян таъкид мешавад, ки Тоҷикистон ва Арманистонро анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои созанда бо ҳам мепайванданд. Сарвари давлати Тоҷикистон изҳори итминон кард, ки муносибатҳо миёни кишварҳо минбаъд низ тавсеа ёфта, соҳаҳои […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президентҳои тозаинтихоби Арманистон, Ҷумҳурии Корея ва Маҷористон барқия табрикӣ ирсол намуд.

Дар барқияи табрикӣ ба президенти Арманистон Ваагн Хачатурян таъкид мешавад, ки Тоҷикистон ва Арманистонро анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои созанда бо ҳам мепайванданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон изҳори итминон кард, ки муносибатҳо миёни кишварҳо минбаъд низ тавсеа ёфта, соҳаҳои нави ҳамкориро фаро хоҳанд гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи табрикӣ ба унвони президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл ин кишварро аз ҷумлаи шарикони муҳими кишвар дар арсаи байналмилалӣ номид.

“Кишвари Шумо дар қатори аввалинҳо соҳибистиқлолии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва соли равон мо 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиамонро, ки ба 27 апрел рост меояд, ҷашн мегирем”, – омадааст дар барқияи табрикӣ.

Дар барқияи табрикӣ ба президенти Маҷористон (Венгрия) Каталин Ева Верешне-Новак манфиатдории Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории муфид бо ин кишвар изҳор шудааст.

“Итминон дорем, ки тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи шарикии мо дар соҳаҳои гуногуни мавриди эҳтимоми тарафайн ба пояҳои баландтар бардошта хоҳад шуд”, – зикр мегардад дар барқия.

Эмомалӣ Раҳмон ба президентҳои ин кишварҳо сиҳатмандиву саодат ва комёбиҳо дар фаъолияташон ва ба мардуми ин давлатҳо сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ орзу кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.