Қурби рубл дар Тоҷикистон ба мавқеи пешинааш баргашт

Аз охири ҳафтаи гузашта қурби рубли Русия нисбат ба арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ ба андозаи14,7% боло рафта, тибқи пешгӯиҳо, минбаъд низ боз болотар хоҳад рафт. Тибқи қурби расмии муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи 30 март 1000 рубли Русия ба 151,6 сомонӣ иваз карда мешуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, […]

Аз охири ҳафтаи гузашта қурби рубли Русия нисбат ба арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ ба андозаи14,7% боло рафта, тибқи пешгӯиҳо, минбаъд низ боз болотар хоҳад рафт.

Тибқи қурби расмии муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи 30 март 1000 рубли Русия ба 151,6 сомонӣ иваз карда мешуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 26 март он ба 132,2 сомонӣ баробар буд.

Ахиран қурби рубл нисбат ба сомонӣ нимаи моҳи феврали соли равон дар ин сатҳ қарор дошт.

Поинравии қурби рубл дарҳол пас аз оғози низои ҳарбӣ байни Русия ва Украина, 24 феврали соли ҷорӣ оғоз гардид. То 7 март қурби расмии рубл нисбат ба сомонӣ то 91 сомонӣ (ба 1000 рубл) поин рафт.

Қобили зикр аст, ки қурби рубл барои оилаҳои муҳоҷирони тоҷик, ки саробонашон дар Русия кор мекунанд, хеле муҳим аст. Ҳамчунин мебояд гуфт, аз соли 2016 бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон маблағҳои интиқол бо рубли Русия дар бонкҳои ҷумҳурӣ танҳо бо арзи миллӣ пас аз мубодилаи он бо қурби ҳамон лаҳза дода мешаванд.

Бино ба маълумоти мақомоти муҳоҷирати Русия, дар ин кишвар зиёда аз 1 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, ки тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии коршоями ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, соли 2021 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 млрд доллар маблағ фиристодаанд, ки 95%-и он бо рубл фиристода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.