Мусобиқаи мавсими нави Лигаи олии футболи Тоҷикистон оғоз шуд

Мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олии футболи мамлакат бо чор бозӣ оғоз гардид. Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар даври аввали чемпионат 14 тӯб вориди дарвоза шуд. Гуфта мешавад, дар бозии байни дастаҳои “Файзканд” (Восеъ) ва “Истаравшан” (Истаравшан), ки дар варзишгоҳи Ҳисор доир гардид, футболбозони шаҳри Истаравшан ба […]

Мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олии футболи мамлакат бо чор бозӣ оғоз гардид.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар даври аввали чемпионат 14 тӯб вориди дарвоза шуд.

Гуфта мешавад, дар бозии байни дастаҳои “Файзканд” (Восеъ) ва “Истаравшан” (Истаравшан), ки дар варзишгоҳи Ҳисор доир гардид, футболбозони шаҳри Истаравшан ба дарвозаи ҳариф 5 тӯби беҷавоб заданд. Қобили зикр аст, ки имсол дар дастаи “Истаравшан” 7 легионер (бозингарони хориҷӣ аз Ӯзбекистон, Камерун ва Бразилия) бозӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, бозӣ байни дастаҳои “Регар-ТадАз” (ш.Турсунзода) ва дастаи нави мавсими имсола – “Равшан” (ноҳияи Зафаробод мусовӣ – бо ҳисоби 2:2 анҷом пазируфт.

Вохӯрии ду дастаи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ – “Эсхата” ва “Хуҷанд” (ҳар ду даста аз Хуҷанд) бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи “бонкдорон” (Эсхата) ва минтақаи ҷануби кишвар – “Хатлон” (Бохтар) ва “Равшан” (Кӯлоб) бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи футболбозони шаҳри Бохтар ба охир расид.

Суратҳо аз сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон

Мавсими нави Coca-Cola – Чемпионати Тоҷикистон-2022 оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ бо формулаи (шакли) нав баргузор мешавад.

Дар марҳилаи аввал 10 даста дар ду давр бозӣ мекунанд. Дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Холҳои дар марҳилаи аввал гирифта нигаҳ дошта мешаванд.

Панҷ дастаи беҳтарин аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи аввал дар гурӯҳи “А” бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1 то 5-уми ҷадвал рақобат мекунанд. Дастаҳои боқимонда дар гурӯҳи “В” барои ҷойҳои аз 6 то 10-ум бозӣ карда, ду дастаи зинаи охири ин гурӯҳ лигаи олиро тарк ва ба лигаи якум мегузаранд.

Дар Чемионати футболи Тоҷикистон-2022 дар лигаи олӣ ҳар кадоме аз дастаҳо 22 бозӣ мегузаронад. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.