Имрон Хон – ҳомии “Толибон” дар Покистон барканор шуд

Сабти номи номзадҳо ба мақоми сарвазири нав дар Покистон оғоз шудааст. Пас аз барканории Имрон Хон аз мақоми сарвазири Покистон дар ин кишвар барои интихоби сарвазири нав омодагӣ мегиранд. Шоми рӯзи 9-уми апрел аксари вакилони порлумон ба тарафдорӣ аз барканории Имрон Хон раъй доданд. Намояндагони ҳизбҳои сиёсии мухолиф дар порлумони ин кишвар сарвазири ҳамакнун собиқро […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Сабти номи номзадҳо ба мақоми сарвазири нав дар Покистон оғоз шудааст. Пас аз барканории Имрон Хон аз мақоми сарвазири Покистон дар ин кишвар барои интихоби сарвазири нав омодагӣ мегиранд.

Шоми рӯзи 9-уми апрел аксари вакилони порлумон ба тарафдорӣ аз барканории Имрон Хон раъй доданд. Намояндагони ҳизбҳои сиёсии мухолиф дар порлумони ин кишвар сарвазири ҳамакнун собиқро барои бештар шудани мушкилоти иқтисодӣ ва фасоди густарда дар кишвар муттаҳам дониста, ҷалассае барои нобоварӣ ба ӯ даъват карданд.

Дар маҷмӯъ 174 нафар аз 342 вакили порлумони Покистон баъд аз 12 соат баҳс ба Имрон Хон раъйи нобоварӣ доданд. Ва ҳамин тур Имронхон нахсутин сарвазири Покистон аст, ки  бо раъй парлумони ин кишвар аз мақом барканор мешавад.

Асад Қайсар, раиси порлумони Покистон, ки бо Имрон Хон аъзои ҳизби Таҳрики Инсофи Покистон ҳастанд, қабл аз оғози раъйдиҳӣ истеъфо дод. Эҳтимол меравад, ки Маҷлиси миллии Покистон 11-уми апрел барои нахуствазири нав раъй диҳад.

Имрон Хони 69-сола соли 2018 сарвазири Покистон интихоб шуда буд. Дар таърихи 75-солаи ҳукумати Покистон ҳоло ҳеҷ сарвазире натавонистааст, ки то охири мӯҳлат дар мақомаш боқӣ монад.

Имрон Хонро яке аз пуштибонҳо аслии ҳукумати Толибон дар Афғонистон медонанд. Ӯ аз раҳбарони кишварҳои дунё хоста буд, ки бо Толибон ҳамкорӣ кунанд ва ҳукумати ин гурӯҳро ба расмият шиносанд. Ин мавзуро зимни сафараш ба Тоҷикистон, тирамоҳи соли гузашта, низ матраҳ карда буд. Пас аз суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон гуфта буд, ки талош мекунад, то Толибон бо Ҷабҳаи муқовимат гуфтушнид кунанд.

Баҳси барканории ӯ дар Покистон чанд ҳафта боз давом дошт ва дар ин миён хабарҳо мерасад, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд, дар вилоятҳои Панҷшеру Андароби Афғонистон ба Толибон ҳамла кардаанд.

Хабаргузории “Омоҷнюз” гузориш додааст, ки дар ду ҳафтаи охир чанд ҳамлаи Толибон ба Панҷшеру Андароб ноком шудааст ва даҳҳо Толиб куштаву захмӣ шудаанд. Ин хабаргузорӣ видеоӣ, зоҳиран, ҷангиёни фавтидаи Толибонро низ нашр кардааст.

Бархе коршиносон гуфтаанд, ки Покистон даргири баҳси дохилӣ аст, аз ин рӯ, ба Толибон барои мубориза зидди Ҷабҳаи муқовимат кумак накардааст. Масъулони Ҷабҳаи муқовимат иддао доштанд, ки моҳи сентябри соли гузашта Толибон бо кумаки Покистон вориди дараи Панҷшер шуда буданд.

Ин гурӯҳ моҳи августи соли гузашта Афғонистонро тасарруф карданд ва ҳукумати худро эълон намуданд. То ҳол ҳеҷ кишваре ин гурӯҳро ба расмият нашинохтааст. Маълум нест, ки сарвазири ояндаи Покистон нисбат ба ин гурӯҳ чӣ назар хоҳад дошт, вале ба гуфтаи аксар коршиносон, новобаста ба дигар шудани сарвазир сиёсати Покистон дар қиболи Толибон тағйири зиёд нахоҳад кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.