Интихоботи Фаронса ба даври ду мекашад: Рақобати Макрон ва Ле Пен?

Раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ва намояндаи "Иттиҳоди миллӣ"-и он кишвар Марин Ле Пен вориди даври дувуми интихоботи президентӣ мешаванд. Ин хулосаи назарпурсиест, ки баъди баста шудани дари нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар даври аввали интихоботи президентии Фаронса дар рӯзи 10 апрел анҷом шудааст. Ҷамъан натиҷаҳои чаҳор назарпурсӣ нашр шуд. Бар асоси онҳо, дар даври аввали интихоботи президентии […]

Раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ва намояндаи "Иттиҳоди миллӣ"-и он кишвар Марин Ле Пен вориди даври дувуми интихоботи президентӣ мешаванд.

Ин хулосаи назарпурсиест, ки баъди баста шудани дари нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар даври аввали интихоботи президентии Фаронса дар рӯзи 10 апрел анҷом шудааст.

Ҷамъан натиҷаҳои чаҳор назарпурсӣ нашр шуд. Бар асоси онҳо, дар даври аввали интихоботи президентии Фаронса Макрон аз 28 то 29,5 дарсад ва Ле Пен аз 23 то 24,5 дарсади овозҳоро ба даст меоранд.

Дар мақоми севум номзади чапгаро Жан-Люк Меланшон бо касби наздики 20 дарсади оро қарор дорад. Ӯ рӯзи якшанбе дар як суханронияш Макронро дастгирӣ накард ва ҳамзамон хост, ҷонибдоронаш ба Ле Пен раъй надиҳанд.

Мақоми чорумро дар интихоботи президентии Фаронса Эрик Земмур соҳиб шудааст. Тавре интизор мерафт, ӯ аз номзадии Ле Пен ҷонибдорӣ кард. Ду номзади боқӣ Валери Пекресс ва Анн Идалго гуфтанд, аз Макрон ҷонибдорӣ мекунанд, то "ифротиён" ба қудрат роҳ наёбанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.