Қирғизистон вазири собиқи корҳои хориҷияшро дар Тоҷикистон сафир таъин кард

Эрлан Абдилдаев сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон таъин шудааст. Ду моҳ пештар, дар оғози моҳи феврал Жаниш Рустенбеков, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон аз мақом барканор шуда буд. Расонаҳои қирғиз, зӯҳри имрӯз, 12-уми апрел хабар доданд, ки раисҷумҳури ин кишвар Содир Ҷабборов бо судури як фармон Эрлан Абдилдаевро сафири нави Қирғизистон дар Тоҷикистон таъин кардааст. Абдилдаев қаблан […]

Эрлан Абдилдаев сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон таъин шудааст. Ду моҳ пештар, дар оғози моҳи феврал Жаниш Рустенбеков, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон аз мақом барканор шуда буд.

Расонаҳои қирғиз, зӯҳри имрӯз, 12-уми апрел хабар доданд, ки раисҷумҳури ин кишвар Содир Ҷабборов бо судури як фармон Эрлан Абдилдаевро сафири нави Қирғизистон дар Тоҷикистон таъин кардааст.

Абдилдаев қаблан сафири Қирғизистон дар Олмон ва вазири корҳои хориҷии кишвараш буд ва 56 сол дорад. Ӯ соли 1966 дар Алма-Ато зода шуда, миллаташ қирғиз мебошад ва забонҳои қирғизӣ, русӣ, чинӣ ва англисиро медонад. 

Рӯзи 2-уми феврал Қирғизистон сафираш дар Тоҷикистон Жаниш Рустенбековро аз ин мақом бозхон кард, вале сабаби барканории ӯ гуфта нашуд. Рустенбеков аз моҳи декабри соли 2018 то оғози моҳи феврали имсол сафири Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон буд.

Қаблан хабаргузории 24.kg. навишта буд, ки  “моҳи майи соли гузашта кумитаи профилии Жогорку Кенеш ба ӯ изҳори нобоварӣ карда буд. Аммо бо вуҷуди ин, дипломат бозхонда нашудааст”.

Ӯ дар ҳоле аз мақом барканор шуда буд, ки  Тоҷикистону Қирғизистон ду кишвари ҳамсоя давоми як соли ахир дар робита ба ҳаводиси марзӣ муносибати хуб надоранд. Охири моҳи апрели соли гузашта дар марзи ду кишвар муноқишае сар зад, ки оқибат ба хун печид ва аз ду ҷониб даҳҳо захмиву кушта шуданд. Ва ин ҳодиса боз шаби 27-уми январи имсол ва чанд рӯз пеш аз барканонии Жаниш Рустенбеков ба вуқӯъ пайваст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.