Иштироки се паҳлавони тоҷик дар Чемпионати куштии Осиё

Рӯзҳои 19-24 апрел дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Чемпионати Осиё оид ба куштӣ баргузор мешавад. Тавре ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо истинод ба сомонаи расмии Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин (UWW) хабар медиҳад, барои ширкат дар чемпионат 270 варзишгар аз 18 давлати қора дархост пешниҳод кардаанд. Гуфта мешавад, аъзои дастаи мунтахаби гуштини тарзи озоди Тоҷикистон – Муҳаммад […]

Рӯзҳои 19-24 апрел дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Чемпионати Осиё оид ба куштӣ баргузор мешавад.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо истинод ба сомонаи расмии Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин (UWW) хабар медиҳад, барои ширкат дар чемпионат 270 варзишгар аз 18 давлати қора дархост пешниҳод кардаанд.

Гуфта мешавад, аъзои дастаи мунтахаби гуштини тарзи озоди Тоҷикистон – Муҳаммад Икромов (-61кг), Шуҳрат Бозоров (-79кг) ва Искандари Рустам (-125кг) дар мусобиқаи сатҳи баланди қоравӣ ширкат хоҳанд кард.

Зикр мегардад, ки Чемпионати Осиё 19 апрел бо қувваозмоиҳои гуштини юнонӣ-римӣ оғоз мегардад, 21-22 апрел бонувон, сипас 23-24 апрел гуштингирони тарзи озод сабқат мекунанд.

Қобили зикр аст, ки Искандари Рустам барандаи 2 медали нуқра (2012, 2013) ва 2 медали биринҷии (2014, 2020) Чемпионати Осиё дар вазни 97кг ва Муҳаммад Икромов барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё дар вазни 61кг (2020-Деҳлӣ) мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.