Тоҷикистон дар 3 моҳ ба маблағи $52 млн кумаки башардӯстона гирифт

Дар семоҳаи аввали соли 2022 ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 52 млн доллар кумаки башардӯстона ворид шуд, хабар медиҳад Агенти омори ҷумҳурӣ. Дар муқоиса бо моҳҳои январ-марти соли 2021 (ҳудуди 13 млн доллар) ин миқдор 4 баробар зиёд аст. Дар семоҳаи аввали имсол кумаки башардӯстона бо вазни умумии 4,9 тонна аз 44 кишвар ба Тоҷикистон […]

Дар семоҳаи аввали соли 2022 ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 52 млн доллар кумаки башардӯстона ворид шуд, хабар медиҳад Агенти омори ҷумҳурӣ.

Дар муқоиса бо моҳҳои январ-марти соли 2021 (ҳудуди 13 млн доллар) ин миқдор 4 баробар зиёд аст.

Дар семоҳаи аввали имсол кумаки башардӯстона бо вазни умумии 4,9 тонна аз 44 кишвар ба Тоҷикистон ворид шуда, дар ҳамин давраи соли гузашта он дар ҳаҷми 4,1 тонна аз 39 кишвар фиристода шуда буд.

Дар ҳаҷми умумии кумаки башардӯстонаи давоми моҳҳои январ-марти имсол ба Тоҷикистон воридшуда ҳудуди 40%-аш ба ИМА ва 37-аш ба Чин рост меояд. Арзиши кумаки расида аз ИМА зиёда аз 20 млн доллар ва аз Чин – наздики 19 млн долларро ташкил медиҳад.

Байни кишварҳои мададрасон аз рӯи арзиши кумак инчунин Ҷопон (7,2% аз ҳаҷми умумии арзиш), Ҳиндустон (4,8%), Ӯзбекистон (2,7%), Русия (2,1%), Дания (1,7%), Туркия (1%) ҳиссаи нисбатан зиёд доранд. Ҳиссаи боқимонда 36 кишвари мададрасон ба камтар аз 1% баробар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.