Ӯзбекистон ҳам “Занги охир”-ро мисли Тоҷикистон танзим кард

Вазорати маорифи халқии Узбекистон дастурамали баргузории маросими хатми мактаб – "Занги охир"-ро таҳия кардааст. Вазорат ин дастурамалро ба ҳамаи мактабҳои миёнаи Узбекистон ирсол кардааст. Бино ба дастурамал, чорабинӣ дар саҳни мактаб баргузор ва бегонагон ба ҳудуди мактаб роҳ дода намешаванд. "Занги охир" аз соати 8:00 то 8:45 дақиқа давом мекунад. Дар маросим ба хонандагони пешсаф […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Вазорати маорифи халқии Узбекистон дастурамали баргузории маросими хатми мактаб – "Занги охир"-ро таҳия кардааст.

Вазорат ин дастурамалро ба ҳамаи мактабҳои миёнаи Узбекистон ирсол кардааст. Бино ба дастурамал, чорабинӣ дар саҳни мактаб баргузор ва бегонагон ба ҳудуди мактаб роҳ дода намешаванд.

"Занги охир" аз соати 8:00 то 8:45 дақиқа давом мекунад. Дар маросим ба хонандагони пешсаф сипосномаҳо тақдим мегардад.

"Хотиррасон мекунем, ки дар ин маросим ҷамъоварии маблағ аз хонандагон қатъиян манъ аст", – хабар додааст вазорати маорифи халқии Узбекистон. Ҳамчунин аз хонандагон даъват шудааст, ки аз таҷлили ин маросим дар тарабхонаҳо даст кашанд.

Дар Тоҷикистон ҳам маросими "Занги охир" чандин сол пеш танзим шуда, он ҳудуди 45 дақиқа баргузор мешавад. Пештар дар Тоҷикистон ин маросим бо дабдабаи зиёде баргузор мешуд ва хонандагон ба мактаб бо мошинҳои гаронарзиши хориҷӣ ҳозир мешуданд ва пас аз он маҳфилҳои пурхароҷоти фароғатӣ доир мешуд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.