Тоқаев ҳамсари Назарбоевро аз комиссияи кор бо занҳо ихроҷ кард

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон ҳайати комисияи кор бо занҳо ва сиёсати демографиро иваз кард. Ба ин тартиб, Соро Назарбоева – ҳамсари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз комисия ихроҷ шудааст. Ба ҷуз аз Соро Назарбоева аз комисия ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон Элвира Азимова, мудири "Қазпочта" Аида Абибуллоева ва дигар аъзои комисия ихроҷ шудаанд. Соро […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон ҳайати комисияи кор бо занҳо ва сиёсати демографиро иваз кард.

Ба ин тартиб, Соро Назарбоева – ҳамсари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз комисия ихроҷ шудааст.

Ба ҷуз аз Соро Назарбоева аз комисия ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон Элвира Азимова, мудири "Қазпочта" Аида Абибуллоева ва дигар аъзои комисия ихроҷ шудаанд.

Соро Назарбоеваи 81-сола, муассис ва роҳбари Бунёди хайрия барои кӯдакони "Бобек" солҳои охир дар мазҳари ом кам пайдо мешавад. Дар ҷомеаи Қазоқистон овозаҳое ҳаст, ки вай бо шавҳараш солҳост зиндагӣ надорад.

Тоқаев ба ҳайси раиси комиссия муовини роҳбари маъмурияти худ Аида Балаеваро интихоб кард. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.