Дар Душанбе хатсайри нави автобус фаъол мешавад: аз Коллеҷи тиббӣ то Терминали ҷанубӣ

Шаҳрдории Душанбе аз фаъолшудани хатсайри нави автобус дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Ин автобуси шумораи 27 буда дар хатсайри Коллеҷи ғайридавлатии тиббӣ – Терминали ҷанубӣ ҳаракат хоҳад кард. Қарор аст ин автобус 23-юми май дар хатсайри мазкур ба кашонидани мусофирон бипардозад. Биноба иттилои Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе автобуси 27 дар ин хатсайр ба василаи кӯчаву хиёбонҳои Истиқлол-2, […]

Шаҳрдории Душанбе аз фаъолшудани хатсайри нави автобус дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Ин автобуси шумораи 27 буда дар хатсайри Коллеҷи ғайридавлатии тиббӣ – Терминали ҷанубӣ ҳаракат хоҳад кард.

Қарор аст ин автобус 23-юми май дар хатсайри мазкур ба кашонидани мусофирон бипардозад.

Биноба иттилои Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе автобуси 27 дар ин хатсайр ба василаи кӯчаву хиёбонҳои Истиқлол-2, Машъал, А.Қаҳҳоров, А.Ҷомӣ, Н.Қарабоев, А.Фирдавсӣ, Қосимов, Ҷанубӣ, шоҳроҳи Душанбе-Бохтар то Терминали ҷанубӣ ва баръакс ҳаракат хоҳад кард.

Шаҳрдории Душанбе тамғаи автобусҳои ин масирро  «KING LONG» гуфтааст ва дар хабарнома таъкид шудааст, ки пардохти роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.