Форуми СИФР КАРБОН дар Тоҷикистон

АКТЕД ва Конверҷёнсиз дар ҳамкорӣ бо шарикони худ: Кумитаи рушди сайёҳӣ назди Ҳукумати Тоҷикистон, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ ва Азия +, дар доираи барномаи Свитч Осиё Форуми 1-уми СИФР КАРБОН дар Тоҷикистонро барои Пешбурди истеъмол ва истеҳсоли устувор дар сайёҳӣ ва берун аз он ташкил мекунанд. Чорабинии мазкур 28 майи соли […]

АКТЕД ва Конверҷёнсиз дар ҳамкорӣ бо шарикони худ: Кумитаи рушди сайёҳӣ назди Ҳукумати Тоҷикистон, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ ва Азия +, дар доираи барномаи Свитч Осиё Форуми 1-уми СИФР КАРБОН дар Тоҷикистонро барои Пешбурди истеъмол ва истеҳсоли устувор дар сайёҳӣ ва берун аз он ташкил мекунанд.

Чорабинии мазкур 28 майи соли 2022 дар меҳмонхонаи «Серена»-и Душанбе баргузор мешавад. Он тақрибан 300+ мутахассисро аз соҳаҳои гуногун аз ҷумла: муассисаҳои давлатӣ, ширкатҳо, ассотсиатсияҳо, муассисаҳои молиявӣ, васоити ахбори омма ва бахши академӣ, ки барои тағйирот омодаанд, муттаҳид мекунад.

Ҳадафи Форуми СИФР КАРБОН ба ҳайси як муколама ва ҳамкорӣ байни ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ва таъмини пешбурди самаранокии энергия ва истеҳсоли энергияи барқароршаванда дар бахши сайёҳӣ ва берун аз он дар Тоҷикистон мебошад.

Мавзуи мазкур, ҷанбаҳои мухталифро дар ҷараёни ҷаласаҳое, ки дар форматҳои динамикӣ ташкил карда шудаанд, баррасӣ намуда, ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки дар якҷоягӣ барои ноил шудан ба сифр карбон дар Тоҷикистон роҳҳои мушаххасро муҳайё созад!

Форум инчунин мизбони намоишгоҳи СИФР КАРБОН мебошад, ки ҳадафи он таҳкими робитаҳои бозорӣ байни ширкатҳои таъминкунандаи энергияи барқароршаванда, самаранокии энергия ва бахши сайёҳӣ мебошад. Дар ҳудуди он 40 сохтор дар давоми рӯз барои муаррифии фаъолияти худ ҳузур хоҳанд дошт.

Чорабинии якрӯзаи мазкур барои ҳама субъектҳое, ки мехоҳанд ба иқдоми СИФР КАРБОН ҳамроҳ шаванд, боз аст. 

Сабти ном ва рӯзнома: https://zerocarbonforum.convergences.org/

Маълумоти бештар: Зафар Норов, Корманди кишварии лоиҳаи ACTED дар Тоҷикистон [email protected]+992 987600409

 

 
   

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.