Русия мехоҳад узви комилҳуқуқи Шӯрои ҳамоҳангсозии энергетикии Осиёи Марказӣ шавад

Тоҷикистон ва Русия ҳамкориҳои мутақобиларо дар бахши энергетика баррасӣ карданд, хабар медиҳад сафорати Русия дар Тоҷикистон. Муовини сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва вазири энергетикаи ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Русия Николай Шулгин, ки дар Душанбе бо сафари корӣ қарор дорад, дидору гуфтушунид карданд. “Дар вохӯриҳо ҳамкорӣ дар бахши электроэнергетика, аз ҷумла фаъолияти корхоаи муштараки […]

Тоҷикистон ва Русия ҳамкориҳои мутақобиларо дар бахши энергетика баррасӣ карданд, хабар медиҳад сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Муовини сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва вазири энергетикаи ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Русия Николай Шулгин, ки дар Душанбе бо сафари корӣ қарор дорад, дидору гуфтушунид карданд.

“Дар вохӯриҳо ҳамкорӣ дар бахши электроэнергетика, аз ҷумла фаъолияти корхоаи муштараки ҶСК “НБО Сангтӯда-1” ва кори бидуни садамаи низоми электроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ (ОМ) баррасӣ шуд”, – гуфта мешавад дар хабари сафорат.

Шулгинов аз ҳамтоҳои худ даъват намудааст, ки аз иштироки Русия дар Шӯрои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ ба сифати узви комилҳуқуқ дастгирӣ кунанд.

Дар дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон баргузор шудани вохӯриҳоро ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки “ояндаи наздик дар бораи ҷузъиёт ва масоили баррасишуда дар мулоқоти вазирон маълумот хоҳанд дод”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.