Сел даҳҳо километр роҳро дар вилояти Суғд вайрон кардааст

Бар пайи боришоти бошиддати борони рӯзи якшанбеи 22-уми май даҳҳо километр роҳҳо дар вилояти Суғд вайрон шудааст. Инчунин дар ин рӯз дар қаторкӯҳи водии Зарафшон ва ноҳияи Шаҳристон барф борид ва мақомот мегӯяд, ҳоло коммиссияи вижаи бартарафcозии офати табиӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, хисороти расидаро ҳисоб карда истодаанд. Ба иттилои Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Бар пайи боришоти бошиддати борони рӯзи якшанбеи 22-уми май даҳҳо километр роҳҳо дар вилояти Суғд вайрон шудааст. Инчунин дар ин рӯз дар қаторкӯҳи водии Зарафшон ва ноҳияи Шаҳристон барф борид ва мақомот мегӯяд, ҳоло коммиссияи вижаи бартарафcозии офати табиӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, хисороти расидаро ҳисоб карда истодаанд.

Ба иттилои Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд, боришоти борону барфи рӯзҳои истироҳат талафоти ҷонӣ надорад, аммо даҳҳо километр роҳҳо вайрон шудааст.

Диловар Ҳамдамов, сухангӯйи ин Раёсат ба “Азия-Плюс” гуфт, рӯзи 22-уми май дар натиҷаи бориши бошиддати борон якбора аз қаторкӯҳи Мевағул селоба фаромада, роҳи кӯчаҳои маҳаллаҳои навбунёди 3-уми шаҳри Хуҷандро вайрон кард. Ӯ гӯфт, “ҳоло идораи роҳ ва мақомот 800 метр селроҳаи маҳаллаҳои навбунёдро аз регу шағал тоза карда, равиши обро кушода истодаанд”.

“Дар деҳаи Такфони ҷамоати Анзоби ноҳияи Айнӣ аз 20 минтақаи селфаро ва дар деҳаи Сарводаи Марғззори ҳамин ноҳия аз 15 минтақа селоба фаромада, асосан ба роҳҳо зиён расонидааст. Роҳи автомобилгарди “Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ” низ дар натиҷаи селфароӣ зиён дид ва ҳоло 6 адад техникаҳои муҳандисӣ барои тоза кардани роҳ сафарбар шуда, 5 ҳазор метри мураббаъ тариқи ҳашар аз регу шағал тоза карда шуд ва корҳо идома дорад”.

Манбаъ афзуд, ҳоло хонаҳое, ки дар ноҳияи Айнӣ аз селфароӣ зиён дидаанд, пурра дақиқ нест. Аммо бино ба маълумоти пешакӣ дар натиҷаи селфароӣ ягон хона тахриб нашуда, чорвову дигар амволӣ мардум зиён надидааст.

Аз селфароӣ инчунин қисмати роҳи “Айнӣ-Панҷакент” дар мавзеъҳои деҳаи Мешити ҷамоати деҳоти Ёрӣ ва роҳҳои деҳаи Артучи ҷамоати Рӯдакӣ, деҳаи Зимтуди ҷамоати Вору зиён дида, гуфта мешавад то ҳол 230 метр роҳҳо аз қуму шағал тоза карда шудааст.

Ба деҳаи Пити ҷамоати Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ сел фаромада, асосан роҳҳоро вайрон кардааст.

Диловар Ҳамдамов мегӯяд, ҳоло дар мавзеъҳои аз сел зиёндидаи шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ комиссияи махсус кор карда истодааст.

Дар натиҷаи фаромадани сел рӯзи якшанбе барои чанд соат ҳаракат тавассути шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” манъ карда шуд. Мақомот мегӯяд, аз километри 103 то 156-и шоҳроҳ селоба фаромада, бо ҷалби 12 адад техникаҳои муҳандисӣ ин қисмати роҳ аз ҷониби IRS, ширкате, ки масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии маблағ дар ин роҳ мебошад, тоза карда шуд. Инчунин дирӯз бар асари бориши барф ва фаромадани кӯҳпора, як муддат ин роҳ, ки пойтахтро ба шимолии Тоҷикистон мепайвандад, баста ва ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт боздошта шуд.

Бар пояи иттилои мақомот, рӯзи 22-уми май ба ҷуз бориши борон, инчунин дар қаторкӯҳи водии Зарафшон ва ноҳияи Шаҳристон бориши барф ба қайд гирифта шудааст. Гуфта мешавад, дар айни замон дар ҷойҳои зарардида комиссия кор карда истодааст ва хисороти молӣ ҳисоб нашудааст.

Бино ба иттилои корбарони “Азия-Плюс” ва наворҳои ирсолкардаи сокинон, рӯзҳои истироҳатӣ инчунин дар ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара ва ҷамоати Пунуки ноҳияи Ашт бар асари боришоти зиёд сел фаромадааст. Аммо Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, селфароӣ дар ин ҷойҳо хисорот надошт.  

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.