Дар Донишгоҳи миллӣ Донишкадаи Конфутсий роҳандозӣ шуд

Дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий фаъол шуд. Дар расми ба баҳрабардорӣ супурдани бинои донишкада муовини сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, сафири Чин дар Тоҷикистон Ҷи Шумин, вакилони порлумон ва дигар мақомдорони Тоҷикистон ширкат кардаанд. Дар ин бора, дафтари матбуоти ДМТ хабар медиҳад. Гуфта мешавад бинои Донишкада Конфутсий бо маблағгузории Донишгоҳи педагогии  Шинҷон […]

Дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий фаъол шуд. Дар расми ба баҳрабардорӣ супурдани бинои донишкада муовини сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, сафири Чин дар Тоҷикистон Ҷи Шумин, вакилони порлумон ва дигар мақомдорони Тоҷикистон ширкат кардаанд.

Дар ин бора, дафтари матбуоти ДМТ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад бинои Донишкада Конфутсий бо маблағгузории Донишгоҳи педагогии  Шинҷон (Синзян)-и Чин ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) сохта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, бинои донишкадаи Конфутсий иборат аз осорхона, синфхонаи фарҳангӣ, китобхона, синфхонаи лингофонӣ ва маҷлисгоҳ мебошад. Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон моҳи августи соли 2008 ҳамчун Маркази Конфутсий ташкил шуда, баъдан мақоми он ба донишкада табдил шудааст.

 Ин донишкада то моҳи майи имсол беш аз 600 бурсия барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбии Тоҷикистон барои таҳсил дар Чин ихтисос додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.