Вазири дифоъ: ҳар рӯз то 100 низомии Укроин дар ҷанг кушта мешаванд

Алексей Резников, вазири мудофиаи Укроин хабар дод, ки дар хати ҷанг ё фронт ҳамарӯза то 100 низомии украин кушта мешавад. "Вазъ дар хати ҷанг вазнин аст. Мо ҳамарӯза то 100 низомиро аз даст медиҳем ва 500 кас захмӣ мешавад. Кремл бо тамоми неруӣ ҳамла мекунад, дар мемонад, ба муқовимати сахт рӯ ба рӯ мешавад, талафоти […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Алексей Резников, вазири мудофиаи Укроин хабар дод, ки дар хати ҷанг ё фронт ҳамарӯза то 100 низомии украин кушта мешавад.

"Вазъ дар хати ҷанг вазнин аст. Мо ҳамарӯза то 100 низомиро аз даст медиҳем ва 500 кас захмӣ мешавад. Кремл бо тамоми неруӣ ҳамла мекунад, дар мемонад, ба муқовимати сахт рӯ ба рӯ мешавад, талафоти калон дорад. Аммо то кунун барои пешрафт дар минтақаҳои алоҳидаи хати ҷанг неру дорад", – навишт вазир дар Фейсбук.

Резников дар идома навиштааст, ки дар ҷанги зидди Русия зиреҳпӯшҳои лаҳистонии "Краб"-ро истифода хоҳанд кард.

Укроинву Русия аз хабар додан дар бораи талафоташон дар ҷанг худдорӣ меварзанд. Вазорати мудофиаи Русия ҳанӯз дар моҳи март марги бештар аз 1,5 ҳазор низомиашро дар Укроин тасдиқ карда буд. Аз он замон то кунун ҳеч иттилои дигаре дар бора талафоти Русия дар Укроин нашр нашудааст.

Миёнаи моҳи апрел Владимир Зеленский, президенти Укроин дар суҳбат бо расонаҳо хабар дода буд, ки аз оғози ҷанг аз 2500 то 3000 низомии украин кушта шудааст. Вай ҳамзамон хабар дода буд, ки то 10 ҳазор низомии дигар захмӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.